Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Чин Sputnik V-ро истеҳсол мекунад: чаро Пекин ба миллионҳо воя ваксини русӣ ниёз дорад

© Пресс-служба АФК "Система" / Гузаштан ба хазинаи аксПроизводство вакцины от COVID-19 на фармацевтическом заводе "Биннофарм"
Производство вакцины от COVID-19 на фармацевтическом заводе Биннофарм - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2021
Русия ва Чин ба тавофуқ расиданд, ки ваксинаи коронавируси Sputnik V-ро тавлид кунанд: Чин ба нақша гирифтааст, ки миқдори зиёди вояи ин ваксинро дар як сол истеҳсол кунад
ДУШАНБЕ, 2 апр - Sputnik. Фонди сармоягузории мустақими Русия (ФСМР) бо TopRidge Pharma, яке аз ширкатҳои пешрафтаи дорусозии Чин шартнома ба имзо расонид. Дар ин бора хадамоти матбуотии ин ташкилот хабар додааст.
Дмитрий Солонников  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2021
Солонников: Аврупо аз Путин ваксинаи "Sputnik V"-ро хоҳад пурсид
Созишномаи байни кишварҳо ба истеҳсоли ваксинаи коронавируси русии Sputnik V дар Чин дахл дорад. Ҳамин тариқ, ширкати чинӣ ӯҳдадор шудааст, ки дар як сол зиёда аз 100 миллион вояи дору истеҳсол кунад.
Мувофиқи маълумоти мутахассисони ФСМР, чунин ҳаҷм соле беш аз 50 миллион нафарро аз коронавирус муҳофизат мекунад.
Ғайр аз он,ФСМР ва TopRidge Pharma барои сабти ном ва тарғиби ваксина дар Чин ҳамкорӣ хоҳанд кард. Масалан, Sputnik V ба Ҳонгконг, Макао ва Тайван хоҳад расид, агар мақомоти маҳаллӣ истифодаи онро тасдиқ кунанд.
"Шарикӣ бо Tibet Rhodiola имкониятҳои истеҳсоли Sputnik V дар Чинро васеъ мекунад ва таъминоти дору ба шариконро барои шикасти пандемия таъмин мекунад", - гуфт Кирилл Дмитриев, директори ФСМР.
Ба гуфтаи ӯ, Чин яке аз калонтарин марказҳои истеҳсоли ваксинаҳои Русия ба ҳисоб меравад.
Қаблан ФСМР дар бораи истеҳсоли Sputnik V бо ширкати чинии Shenzhen Yuanxing Gene-tech Co ба мувофиқа расида буд. Дар ин ҷо истеҳсоли беш аз 60 миллион вояи ваксина ба нақша гирифта шудааст. Истеҳсоли бастаи якуми дору моҳи май оғоз мешавад.
Роспотребнадзор се хатти муҳофизати ваксинаи нави Русияро гуфт
Ёдовар мешавем, ки дигар кишварҳо, аз ҷумла Италия, Испания, Фаронса ва Олмон низ ба истеҳсоли Sputnik V изҳори ҳавасмандӣ кардаанд. Истеҳсоли ин ваксин инчунин дар Беларус ва Қазоқистон оғоз хоҳад ёфт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала