Чиптафурӯшӣ сар шуд: футболи тоҷик минбаъд бо ҳузури тамошобинон доир мешавад

© Sputnik / Стас ЭтвешПразднование Навруза в Москве на стадионе "Лужники"
Празднование Навруза в Москве на стадионе Лужники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2021
Федератсияи футболи Тоҷикистон дар мувофиқа бо масъулини Ситоди пешгирӣ ва мубориза бо COVID-19, барои иштироки мухлисони футбол дар варзишгоҳҳо рухсат додааст
ДУШАНБЕ, 2 апр – Sputnik. Аз ин ва баъд мухлисони футболи тоҷик метавонанд мустақиман барои  тимҳои дӯстдоштаи худ ҳаводорӣ кунанд, вале танҳо бо бастани ниқоб ва риояи масофаи иҷтимоӣ.
Аҳлиддин Юнусов, котиби матбуотии Федератсияи футболи Суғд бо таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, барои иштироки тамошобинон дар бозиҳои Чемпионати футболи кишвар расман иҷозат шудааст.
"Даври аввали Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол рӯзи 4 уми апрел бо иштироки мухлисон шурӯъ мешавад. Тимҳое, ки дар ин давр бозӣ мекунанд, фурӯши чиптаҳоро сар кардаанд", - гуфт котиби ФФ Суғд
Ба гуфти Юнусов аз тамошобинон бастани ниқоб ва риояи масофаи иҷтимоӣ тақозо карда мешавад.
Рустами Эмомалӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон моҳи марти соли 2020 бо судури як дастур иштиркои мухлисон дар вақти баргузории футбол дар варзишгоҳро манъ намуда буд.
Фарзона Ақназарова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2017
Гурдофариди тоҷик: дар Тоҷикистон ояндае барои футболи занона надидам
Он замон гуфта мешуд, ки ин тасмим бо ҳадафи пешгирӣ аз ҳолатҳои сироятёбӣ аз бемории коронавирус роҳандозӣ шудааст.
Ба ин тартиб ҳудуди як сол ба ин тараф чемпионати футбол дар Тоҷикистон бе иштироки тамошобинон баргузор карда мешуд.
Бино ба иттилоъи манбаъ, имсол дар Чемпионати Тоҷикистон даҳ даста дар се давр миёни ҳам рақобат мекунанд.
Тағйирот дар Лигаи футзали Тоҷикистон: Фурқат Аҳмадҷонов ба ҷойи Комрон Шодиев интихоб шуд
Рӯзи 4 апрел нахустин бозии даври аввали футбол миёни дастаҳои "Файзканд" – "КМВА", "Хуҷанд" – "Душанбе" доир шуда, санаи 5 ва 6 апрел тимҳои "Эсхата" – "Хатлон" ва "Истаравшан" – "Равшан" байни ҳам сабқат мекунанд.
Тибқи низомнома, дастаҳои лигаи олӣ, ки имсол дар ҷадвал ҷойҳои нӯҳум ва даҳумро ишғол мекунанд, дар мавсими соли 2022 ба Лигаи аввал хоҳанд рафт.
Ғолиб ва барандаи медали нуқраи Лигаи якум-2021 соли баъд, ҳуқуқи иштирок дар Лигаи олиро пайдо мекунад. Федератсияи футбол мегӯяд, имсол бори аввал дастаи футболи "Эсхата" - и шаҳри Хуҷанд ба Чемпионати кишвар роҳ ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала