Муҷозот барои даъват аз саркашии иҷрои қонунҳо: Мирзиёев қонуни навро ба имзо расонд

Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2021
Мақомоти Ӯзбекистон хабар додаанд, ки ба қонунгузории ин кишвар тағйирот ворид гардид. Акнун Ӯзбекистон шахсонеро, ки барои саркашӣ аз иҷрои қонунҳо даъват мекунанд муҷозот мешаванд
ДУШАНБЕ, 2 апр – Sputnik. Ба нақл аз рӯзномаи “Народное слово”, аз ин ба баъд дар Ӯзбекистон шахсонеро, ки барои саркашӣ аз иҷрои қонунҳо даъват мекунанд, тақрибан ду ҳазор доллар ҷарима хоҳанд кард.
Исправительная колония, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2021
Мирзиёев ба муносибати Наврӯз 140 зиндониро афв кард
Тағйироти марбутаро дар қонунгузорӣ президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба имзо расонд. 
Ҳамин тавр, тибқи моддаи иловашуда, барои даъвати оммавии иҷро накардан ва ё вайрон намудани талаботи қонунгузорӣ, аз ҷумла бо истифода аз васоити ахбори омма, интернет ва матбуот, шахс ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад. 
Тибқи ин қонун шахсонеро, ки барои саркашӣ аз иҷрои қонунҳо даъват мекунанд аз 60 то 80 нишонндиҳандаи барои ҳисоб (аз 1,4 ҳазор то 1,87 ҳазор доллар) ҷарима мешаванд.
Мирзиёев гуфт, мансабдоронро барои омори бардурӯғи коронавирус ба ҷавобгарӣ мекашад
Ҳадафи тағйирот муқовимат ва пешгирии паҳн кардани иттилооти дурӯғ, ки ба амнияти шаҳрвандон таҳдид мекунад, таблиғи зӯроварӣ ё бераҳмӣ ва содирнамоии амалҳои ғайриқонунӣ маҳсуб мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала