То кай?: танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон
Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр тӯл дорад ва то кунун танҳо 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз, умдатан дар байни вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинон барои дастрасӣ ба обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд.

Нигаронии Қирғизистон аз санҷиши ҳуҷҷатҳои шаҳрвандон дар марз: посухи Тоҷикистон

© ВКХ ҶТДидори вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон
Дидори вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2021
Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон аз санҷиши ҳуҷҷатҳои қирғизҳо аз ҷониби мақомоти тоҷик дар марз мегӯяд
ДУШАНБЕ, 2 апр – Sputnik. Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Руслан Қазоқбоев дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ дар Маскав дидору мулоқот карданд.
Архивное фото Камчибека Ташиева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2021
Посухи Тошиев ба изҳороти Зарифӣ: собиқ вазири тоҷикро ба душманӣ айбдор кардааст
Дар ин дидор масъалаҳои мубрам, аз ҷумла аломатгузории хати марз ва масъалаи шаҳрвандии сокинони наздимарзии Тоҷикистон аз ҷумла сокинони ноҳияи Лахш баррасӣ шудааст.
Бино ба гузориши Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон, Қазоқбоев аз маълумот дар бораи тафтиши ҳуҷҷатҳои шаҳрвандони Қирғизистон дар минтақаи Лахши Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст.
Вазир гуфтааст, ки ба ӯ хабарҳо дар бораи аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон санҷида шудани ҳуҷҷатҳои шаҳрвандоне, ки муваққатан ё ба таври доимӣ дар минтақаи собиқ Ҷиргатол иқомат доранд, расидаанд.
Ба гуфти вазири қирғиз, ҳангоми санҷиш аз онҳо талаб карда мешавад, ки шаҳрвандии Тоҷикистонро барқарор кунанд ё Тоҷикистонро тарк намоянд.
Ҷониби Қирғизистон хоҳиш кардааст, ки ин кор тибқи талаботи қонунгузории меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон, бидуни нақзи вазъи ҳуқуқии ҳамватанон ба роҳ монда шавад.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, мегӯяд Сироҷиддин Муҳриддин бо дарназардошти мавҷуд набудани санади меъёрии ҳуқуқии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки масъалаҳои душаҳрвандиро танзим мекунад, дар бораи зарурати ба низом даровардани шаҳрвандӣ, пеш аз ҳама ба сокинони ноҳияҳои наздисарҳадиро ба миён гузоштааст.
Хамрохон Зарифи. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2021
Вокуниши собиқ вазири тоҷик ба пешниҳоди додани Ворух ва интиқодаш аз раиси КДАМ
Вазирони корҳои хориҷӣ инчунин оид ба масъалаҳои мубрами муносибатҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон мубодилаи афкор намудаанд.
Ба зарурати идомаи мулоқоти ҳайатҳои ҳукуматии Қирғизистон ва Тоҷикистон оид ба масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад диққати махсус дода шуда, гуфтушунидҳо бояд дар ояндаи наздик баргузор шаванд.
Ҷонибҳо мӯътақиданд, ки ба итмом расонидани бақайдгирии қонунии сарҳадҳои давлатӣ ба тамоми доираи муносибатҳои ду ҷумҳурӣ таъсири мусбат мерасонад.
Вазирон аҳамияти эҷоди эътимод байни халқҳоро, алахусус дар марз таъкид кардаанд.
"Мо ба мувофиқа расидем, ки таҷрибаи мунтазам гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, иштирок дар консертҳо ва фестивалҳои дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, инчунин ҳамкориҳоро дар соҳаҳои маориф, варзиш, сайёҳӣ ва дастгирии ақаллиятҳои қавмӣ ба роҳ монем", - омадааст дар хабарнома.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала