"Сомон Эйр" фурӯши чиптаҳоро сар кард

CC BY 2.0 / Papas Dos / P4-SOM B739(ER) Somon Air DME UUDDСамолет компании "Сомон Эйр", архивное фото
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2021
Обуна шудан
Сар аз субҳи имрӯз, 2 апрел, ширкати "Сомон Эйр" фурӯши чиптаҳо барои хатсайри Душанбе – Маскав – Душанберо шурӯъ кард
ДУШАНБЕ, 2 апр – Sputnik. Маркази матбуоти "Сомон Эйр" дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки фурӯш ҳоло фақат дар авиакассаҳои Агентии алоқаи ҳавоӣ, воқеъ дар минтақаи мавсум ба “Бозори сабз” – и Душанбе ба роҳ монда шудааст.
“Қимати билети рафт 349 доллар ва қимати билети бозгашт 143 доллар таъйин шудааст, он гуна ки қаблан мақомоти зидахл муайян карда буданд. Билетҳо аз ин нархҳо набояд зиёд фурӯхта шаванд”, - гуфт манбаъ.
Тавофуқ сари нархи ягона ҳанӯз 26 март дар ҷаласаи муштараки Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон бо ширкатҳои ҳавонавардӣ ба даст омада буд.
Пассажиры первого рейса Сомон Эйр Душанбе-Бишкек - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2021
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Посухи сафорат ба 10 суоли асосӣ дар бораи парвоз ба Русия: аз нарху ҳуҷҷат то транзит
Бино ба тавофуқи ҳосилшуда, қимати чиптаи рафтуомад миёни Душанбеву Маскав набояд аз 500 доллари амрикоӣ бештар бошад. Мақомот гуфтанд, ки ҳарчанд ширкатҳо, тибқи қонунгузорӣ, дар муайян кардани нарх озоданд ва бояд аз рӯи қонуни бозор – вобаста ба талабот чипта фурӯшанд, тавофуқ бар ин шудааст, ки вазъи кунунӣ истисноӣ буда, то ба эътидол омадани он нархҳо бояд собит бошанд.
Тибқи иттилои Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон, ба хотири зиёд будани талабот ва мусофирин дар Тоҷикистон нархи билет ба самти Маскав набояд аз 350 доллар ва аз он тараф, ки талабот ва мусофирин камтаранд, набояд аз 150 доллар зиёд бошад. 25 март Русия эълон кард, ки парвозҳояшро бо Тоҷикистон аз сар мегирад.
Парвозҳо дар масири Душанбеву Маскавро ширкатҳои “Сомон Эйр” – и Тоҷикистон ва “Ют Эйр” – и Русия анҷом медиҳанд. Ширкати тоҷикӣ ҳар сешанбе ва ширкати русӣ ҳар ҷумъа якпарвозӣ анҷом хоҳанд дод.
Лентаи хабарҳо
0