Боздошти марде, ки пас аз ҷудо шудан аз ҳамсару 5 фарзанд, молу мулки занашро оташ зад

© Sputnik / Владислав ВодневМашина полиции
Машина полиции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2021
Ин мард ҳарчанд авоили соли ҷорӣ аз ҳамсари худ ва 5 фарзандаш ҷудо шуда бошад, вале пайваста занашро таъқиб намуда, озор медод
ДУШАНБЕ, 2 апр – Sputnik. Кормандони пулис дар асоси шикояти як зан, ҳамсари собиқи ӯро боздошт намуданд.
Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, сокини Шаҳритус, Қурбонова Зуҳро ба Шӯъбаи вазорати умури дохила дар ин ноҳия аз болои ҳамсари собиқи худ шикоят бурдааст. 
Ба изҳори Зуҳро, ӯ соли 2007 бо Шарипов Азимхоҷа ном сокини маҳаллӣ хонадор шуда, соҳиби панҷ фарзанд шуданд. Ин зан аз он изҳори нигаронӣ намудааст, ки ӯро шавҳараш пайваста зери мушту лагад қарор дода, ӯву фарзандонашро аз зиндагии хушу осоишта бенасиб мекард.
Медицинские носилки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2021
Марду зан сокини 55-солаи пойтахтро лату кӯб карда, ба ҳалокат расонданд
Зимнан, ба гуфтаи ӯ, бо ҳамсараш дар аввоили соли ҷорӣ ҷудо шуд ва зан ҳамроҳ бо панҷ фарзанди худ танҳо монд.
Пас аз ҷудо шудан ҳам, сокини 37 - солаи Шаҳритус, ҳамсари акнун собиқи худро ҳамоно таъқибу озор дода, ҳамчунин тамоми либосу ашёҳои рӯзгори ӯро оташ зада, несту нобуд кардааст.
Дар асоси шикоияти ҷабрдида, кормандони пулис собиқ ҳамсари ӯро боздошт намуданд. Азимхоҷа акнун тибқи моддаи 255 ва 117 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикстон муттаҳам дониста мешавад ва нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Манбаъ меафзояд, бо ин амали худ Қурбонов ба зани собиқаш 40 ҳазор сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала