Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Лавров: ИМА кӯшиши заиф кардани иртиботи Тоҷикистону Русияро дорад

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанМинистр иностранных дел РФ Сергей Лавров и президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров и президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2021
Кишварҳои Ғарб мақсад гузоштанд, ки иртиботҳои Русияро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо Тоҷикистон заиф кунанд, изҳор дошт вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров
ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Кишварҳои Ғарб кӯшиши заиф кардани муносибатҳои Русияро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ доранд, изҳор дошт вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар мусоҳиба бо барномаи "Бозии бузург" дар Шабакаи аввали Русия.
Лавров гуфт, равобити Русия ва Иттиҳоди Аврупоро кӣ халалдор кард - YouTube - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2021
Кӣ равобити Русия ва Иттиҳоди Аврупоро халалдор кард? навори посухи Лавров
"Ҳаҷми робитаҳои иқтисодӣ, ки Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ҳоло бо Осиёи Марказӣ месозанд, бо ҳамгироии иқтисодии мо қиёспазир нестанд, аммо ҳадафи гузошташуда (аз ҷониби Ғарб - идора) якранг аст - аз ҳар ҷиҳат суст кардани робитаҳои мо бо иттифоқчиён ва шарикони стратегии мо", - гуфт вазири корҳои хориҷии Русия.
Ба қавли ӯ, Иёлоти Муттаҳида дар ин самт фаъолона кор мекунанд, махсусан дар муносибат бо Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон.
Лавров гуфт, равобити Русия бо Иттиҳоди Аврупо қатъ шуд
Дар ҳамин ҳол, Русия низ дар Осиёи Марказӣ илова бар СҲШ, ИДМ, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, СПАД, формати "5+1" дорад. Ба он панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия дохил мешаванд.
Мудири Маркази  тадқиқотҳои геопалитикии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Гӯлаз Майтдинова пештар гуфт, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон бояд  бо Русия, ИМА ва Чин муттаҳид шаванд, то амниятро дар Осиёи Марказӣ таъмин кунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала