Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Дар ағбаҳо меғ мефарояд: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

© Sputnik / Антон Подгайко / Гузаштан ба хазинаи аксТуман в горах, архивное фото
Туман в горах, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2021
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар ағбаҳо ва ноҳияҳои алоҳида меғ мефарояд
ДУШАНБЕ, 2 апр – Sputnik. Бино ба гузориши Ожонсии ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад.
Боз аз сӯи ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа сард ва  рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 13-18 дараҷа хунук ва рӯзона 3-8  дараҷа сард мешавад.
Пастух со стадом на пастбище, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2021
Дар Ваҳдат чӯпони 26 - сола ҷон бохт: КҲФ мегӯяд ҳоло вақти чаронидани чорво нест
Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбандаи бебориш шуда, дар ағбаҳо туман  мефарояд. Шамол  аз самти шарқ  бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 17-22 метр дар як сония мевазад.
Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук  ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад. 
Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз -2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, танҳо шабона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад.
Дар ағбаҳо меғ мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18  дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона -2+3  дараҷа хунук ва рӯзона  8+13 дараҷа гарм мешавад.
Дар  шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  2+4 дараҷа ва рӯзона 15+17 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала