Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Намояндагони парлумони Тоҷикистон аз вазири маорифи Украина чӣ хостанд?

© Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии ТоҷикистонМулоқоти намояндагони парлуони Тоҷикистон ба вазири маорифи Украина
Мулоқоти намояндагони парлуони Тоҷикистон ба вазири маорифи Украина  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2021
Намояндагони парлумони Тоҷикистон бо вазири маорифи Украина дидор карданд. Зимни дидор тарафҳо тавсеаи равобит дар соҳаи маорифро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 2 апр – Sputnik.  Ба иттилои дафтари матбуоти парлумони Тоҷикистон, Насиба Содиқӣ, раиси кумитаи улум, омӯзиш, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, Шарифҷон Ҳакимзода, раиси гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон ва Сурайё Уроқова, узви Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Сергей Шкарлет, вазири маорифи Украина дидор карданд.
Самолет на фоне полной луны в небе над Лондоном, Великобритания  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.01.2021
Тоҷикистон бо Украина парвозҳоро барқарор карданист
Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қайд кардааст, ки дар ҷараёни мулоқот масоили тавсеаи равобити дуҷонибаи байнипарлумонии Тоҷикистон ва Украина баҳсу баррасӣ шуд.
Вай афзуд, ки дар мулоқот ба сатҳи болои ҳамкорӣ ва мушорикат байни Тоҷикистону Украина дар тамоми арсаҳо ишора шуд.
“Дар мулоқот таъкид карда шуд, ки сатҳи баланди ҳамкории мутақобила ва шарикии байни Тоҷикистон ва Украина вуҷуд дорад. Ин ҳамкориҳо дар асоси заминаи ҳуқуқӣ ба миён омадаанд ва барои ҳарду ҷониб судманд мебошанд”, - гуфт сухангӯи Маҷлиси намояндагон.
Насиба Содиқӣ  раиси кумитаи улум, омӯзиш, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон зимни мулоқот таъкид доштааст, ки маориф ва илм ҳамеша самти муҳими рушди ҷомеаи ҳамаи кишварҳо мебошанд.
“Аз ин рӯ, ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ дар соҳаи маориф ва илм барои ҳарду ҷониб  судбахш аст”,- зикр намудааст номбурда.
Ин дар ҳоле аст, ки бар асоси тавофуқномаи дуҷонибаи имзошуда байни Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Украина, ҳудуди 150 донишҷӯи тоҷик дар донишгоҳҳои Украина таҳсил мекунанд. Бар асоси ин тавофуқнома Украина солона 20 бурсияи давлатӣ барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисоти омӯзиши олии Украина ихтисос медиҳад.
Встреча Посла Таджикистана с Министром образования и науки Украины - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2021
Назризода бо вазири Украина густариши ҳамкориҳоро баррасӣ карданд
Ҳамзамон Насиба Содиқӣ, зикр кардааст, ки бо дарназардошти эҳтиёҷоти назарраси Тоҷикистон ба як қатор ихтисосҳо, дар бораи зиёд кардани квотаҳои барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Украина ҷудошуда фикр кардан лозим аст.  
“Бо назардошти дастовардҳои бузурги Украина дар рушди соҳаи тиб, зарур мешуморем, ки ҳамкориҳо дар ин самт, аз ҷумла  омода намудани кадрҳои тиббӣ, махсусан дар соҳаи фарматсевт, таҷрибаомӯзии онҳо дар муассисаҳои тиббии Украина, таъсиси истеҳсоли муштараки доруҳо дар Тоҷикистон диққати ҷидди дода шавад”, - афзуд Насиба Содиқӣ.    
Қайд карда шудааст, ки айни замон муносибатҳои Тоҷикистон ва Украина тамоюли рушди босуръат доранд ва ба дурнамои дарозмуддат равона гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала