Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

10 000 сомонӣ пора - барои озодӣ аз хизмати ҳарбӣ

Служба в армии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2021
Нисбат ба Ниёзов ва Каримов бо моддаи 247 қисми 2 банди "в, г" парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ба суд ирсол гардидааст
ДУШАНБЕ, 2 апр – Sputnik. Ожонсии зидди фасод аз боздошти як мақомдор ва пизишк дар вилояти Суғд хабар медиҳад, ки дар фурӯши билети ҳарбӣ муттаҳам дониста мешаванд.
Руки в наручниках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2020
Боздошти пизишк дар Истаравшан: барои билети ҳарбӣ 8 ҳазор талаб кард
Ба иттилои манбаъ, яке аз муттаҳамон Ниёзов Фурқат Ризоҷонович мебошад, ки дар вазифаи сардори зершуъбаи қайди афсарони эҳтиётии комиссариати ҳарбии шаҳри Гулистон фаъолият мекард.
Номбурда бо истифода аз мақоми хизматӣ ва бо маслиҳати пешакӣ бо духтури клиникаи вилояти Суғд Каримов Халил ба як корафтода билети ҳарбӣ омода намуда фурӯхтанд.
Манбаъ аз муроҷиаткунанда, Азизӣ М.А. ном мебарад, ки соли гузашта ба хотири гирифтани билети ҳарбӣ назди Ниёзов омадааст.
"Ниёзов ва Каримов барои омода кардани билети ҳарбӣ аз муроҷиаткуннада 10 ҳазор сомонӣ гирифта, байни худ тақсим намуданд", - таъкид мешавад дар хабар.
Ожонсии зидди фасод мегӯяд, дар ин асос нисбат ба Ниёзов ва Каримов бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои "в,г" Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ кушода буда, барои анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала