Қарори Рустами Эмомалӣ: палатаи болоӣ тағйири ҷойномҳо дар Тоҷикистонро баррасӣ мекунад

© котиботи раисиҷумҳури ТоҷикистонРустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ бо муовинонаш Раҷаббой Аҳмадзода ва Ёдгор Файзов (аз рост)
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ бо муовинонаш Раҷаббой Аҳмадзода ва Ёдгор Файзов (аз рост) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2021
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, ҷаласаи шашуми палатаи болоии парлумони кишварро даъват намуд
ДУШАНБЕ, 2 апр – Sputnik. Тибқи иттилои котиботи парлумон, бо қарори Рустами Эмомалӣ ҷаласаи шашуми Маҷлиси миллии Тоҷикистон 16 апрели соли 2021, соати 11-00 дар шаҳри Душанбе даъват шудааст.
Маҷлиси ҳукуматии ҶТ, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2021
Номҳои нав: қарори Ҳукумат барои тағйири номҳо дар Данғара, Фархор ва Ҷ.Балхӣ
Шӯрои Маҷлиси миллии Тоҷи­кистон иттилоъ медиҳад, ки дар иҷлосияи шашуми Маҷ­лиси миллӣ баррасии тағйири бархе аз ҷойномҳо дар назар аст.
Вақтҳои охир дар Тоҷикистон маъракаи тағйири бархе ҷойномҳо роҳандозӣ шудааст, ки дар тамоми минтақаҳои кишвар идома дорад. Бар асоси қонунгузории кишвар, номҳои маҳаллаҳою ва мавзеъҳои ҷуғрофӣ бо қарори Ҳукумат ва тасдиқи Маҷлиси миллии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Инчунин масъалаҳои тағйир додани сарҳади ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст.
Дар баробари ин аъзои Маҷлис қонунҳои Тоҷикистон дар бораи мақомоти адлия, дар бораи Академияи миллии илмҳо, иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар бораи судҳоро баррасӣ хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала