Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Даъвати СҶБ аз рӯзадорон: дар моҳи Рамазон 7 қоидаро риоя кунед

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузаштан ба хазинаи аксПразднование Курбан-байрама в России
Празднование Курбан-байрама в России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2021
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии COVID барои рӯзадорон дар моҳи шарифи Рамазон риояи ҳафт қоидаро тавсия медиҳад
ДУШАНБЕ, 2 апр – Sputnik. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, пеш аз оғози моҳи шарифи Рамазон, аз мусалмонон даъват кард, ки қоидаҳои муайянеро риоя кунанд, то маросимҳо ва ҷамъомадҳои динӣ боиси паҳншавии COVID-19 нашаванд.
"Дар кишварҳое, ки паҳншавии вирус назаррас аст, бояд ҷамъомаду мулоқот ба таври маҷозӣ (онлайн) сурат гирад, ё умуман ба таъхир гузаронида шавад ва ё шумораи онҳо коҳиш дода шавад", - гуфта мешавад дар изҳорот.
Қайд карда мешавад, ки ҷамъомадҳои оммавӣ ба сироятшавӣ мусоидат мекунад ва метавонад хуруҷҳои навро ба вуҷуд орад, алалхусус бо назардошти он, ки беморӣ боз ҳам афзуда истодааст.
Санаи эҳтимолии оғози моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон маълум шуд
Дар моҳи шарифи Рамазон рӯзадорон вақти зиёдеро дар масҷидҳо дар адои намозу зикр мегузаронанд ва шомгоҳон сари суфраи калон ҷамъ мешаванд
"Ҳама чорабиниҳои оммавӣ бояд дар ҳавои тоза бо шумораи маҳдуди иштирокчиён ва давомнокии ками вақт гузаронида шаванд. Дар акси ҳол, бояд ҳавои макони баргузории чорабинӣ хуб тоза карда шавад", - таъкид мекунад СҶБ.
Тавсия дода мешавад, ки ҳама ҷойҳо барои шустани даст дар масҷидҳо бо собун таъмин карда шаванд, инчунин меҳмононро бо маводи дезинфексионӣ (дорои камаш 70 фоизи спирт) ва салфеткаҳои якдафъаина таъмин кунанд.
Рӯзаи донишҷӯёни тоҷик дар Маскав: тӯлонӣ, вале салқин
Мутахассисони СҶБ маслиҳат медиҳанд, ки бо ороста кардани гилемчаҳои инфиродӣ дар рӯи замин, эълонҳо ва плакатҳо дар ҷои намоён, дар бораи зарурияти нигоҳ доштани масофа огоҳӣ дода шавад.
Коршиносон даъват мекунанд, ки рӯзадорон бояд ҳангоми ифтор - аз зиёфатҳои оммавӣ даст кашанд. Ва ба ҷои ин, беҳтар мешавад, агар ғизоро ба ниёзмандон тақсим кунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала