Афзоиши ташвишзои аҳолии Тоҷикистон

Обуна шудан
Афзоиши босуръати аҳолӣ дар Тоҷикистон, ки соле беш аз 2 дарсадро ташкил медиҳад, боиси нигаронии давлату демографҳо шудаааст

Ба ҳолати аввали моҳи январи соли 2021 аҳолии Тоҷикистон аз 9,5 миллион нафар гузашт, ки ҳудуди 7 миллионаш дар деҳоту 2,5 миллион дар шаҳрҳо иқомат мекунанд.

Люди на улице в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2021
Шаҳрдорӣ шумори аҳолӣ дар Душанберо гуфт

Бар асоси дурнамо то соли 2030 аҳолии Тоҷикистон метавонад аз 12 миллион нафар ва то соли 2100 аз 25 миллион нафар гузарад.

Соли 2020, ки соли пандемия унвон гирифтааст, дар Тоҷикистон 239,7 ҳазор нафар таваллуд шуда, 41,7 ҳазор нафар фавтидаанд.  Афзоиши аҳолӣ дар соли гузашта наздики 198 ҳазор нафарро ташкил дод.

Дар минтақаҳои ҷумҳурӣ аз ҳама зиёд таваллуд дар вилояти Хатлон ба қайд гирифта шудааст, ки 97,1 ҳазор навзод ба дунё омадаанд.  Аҳолии ин вилоят наздики 3,43 миллион нафарро ташкил дода, афзоиш дар соли 2020 ба 82,8 ҳазор нафар баробар шудааст.

Дар вилояти Суғд 63,4 ҳазор навзод ба дунё омада, аҳолии ин минтақа ба 2,75 миллион нафар баробар шуд.

Аҳолии НТМ бо 58,3 ҳазор навзод ба 2,21 миллион нафар, сокинони Душанбе бо 16,9 ҳазор навзод ба 879,5 ҳазор ва аҳолии ВМКБ бо 4 ҳазор навзод ба 230 ҳазор нафар расид.

Мақомоти Тоҷикистон ба далели танзими таваллуд ва оила барномаи махсуси давлатӣ барои солҳои 2019 – 2022 қабул кардаанд, ки дар доираи он ҷилавгирӣ аз 450 ҳазор ҳолати ҳомиладории номатлуб, таъмини ройгони воситаҳои пешгирии ҳомиладорӣ, васеъсозии  дастрасӣ ба безурётгардонии ихтиёрӣ дар навоҳии кишвар ва тарбияи ҷинсию тарғиби тарзи ҳаёти солим дар назар гирифта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0