Дар Бохтар терминали пулгузаронӣ ғорат шуд: пулис "Зайдулло" - ро меҷӯяд

© Sputnik / Юрий Лашов / Гузаштан ба хазинаи аксПополнение счета через банковский терминал, архивное фото
Пополнение счета через банковский терминал, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2021
Кормадони милиса як дастандаркори ин ҷиноятро боздошт намуданд ва маълум гардид, ки ӯ танҳо набуда, балки дар ҳамдастӣ бо "Зайдулло" ном ҷавон ба ғорати терминал даст задааст
ДУШАНБЕ, 3 апр – Sputnik. Сокини 37 - солаи шаҳри Бохтар ба кормандони пулис шикоят намудааст, ки моҳи декабри соли гузашта, терминали пулгузаронии ӯ мавриди ғорат қарор гирифт, хабар медиҳад котиботи ВУД Тоҷикистон.
Номбурда ба ШВКД дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ омада, арз намудааст, ки терминали пулгузаронӣ дар кӯчаи Айнии ин шаҳр гузошта шуда буд ва пас аз ғорат ба ӯ 6 800 сомонӣ зарар расонида шуд.
Вор. Грабитель - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2021
Ғорати филиали бонки "Арванд": телефону ноутбук ва чойнику пулҳисобкунакро рабудааст
Зимнан, кормандони милиса як ҷавони 21 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Носири Хусрави ноҳияи Қубодиёнро дастгир намуданд, ки дар содир намудани ин ҷиноят муттаҳам дониста мешавад.
Зимнан, пас аз бозпурсии гумонбаршаванда, муайян гардид, ки ӯ дар содир намудани ин ҷиноят танҳо набуда, балки дар ҳамдастӣ бо "Зайдулло" ном ҷавон, терминалро ғорат кардааст.
"Гумонбарон нахуст терминали маблағгузориро шикаста, сипас аз дохили он 80 ҳазор сомониро ба яғмо бурданд", - таъкид мешавад дар хабар.
Ҳоло кормандони пулис "Зайдулло" - ро ҷустуҷӯ доранд. ВУД Тоҷикистон мегӯяд, тафтишоти ин ҳодиса ҷараён дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала