Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Душанбе мизбони ҳафтаи мӯд шуд: 9 тарроҳи тоҷик маҳсули заҳмати худро ба намоиш гузоштанд

Дар  Ҳафтаи байналмилалии  мӯд Tajikistan fashion week-2021   тарроҳони кишварҳои  Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Украина ва Аморати Муттаҳидаи Араб ширкат менамоянд
ДУШАНБЕ, 3 апр – Sputnik. Тоҷикистон бори чорум аст, ки мизбони ҳафтаи мӯд мешавад. Ин чорабинӣ рӯзи 2 апрел дар Душанбе шурӯъ ба кор намуд то 4 апред идома хоҳад ёфт.
Ҳафтаи байналмилалии мӯд -"Tajikistan fashion week-2021" дар меҳмонхонаи Hyatt Rejency Dushanbe оғоз ёфт ва дар баробари тарроҳони хориҷӣ  9 нафар тарроҳи ватанӣ низ иштирок мекунанд.
Таджикский модельер Хуршед Сатторов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2020
Мӯди 100 соли охир: дар Душанбе "Chakan fashion show" баргузор мешавад
Аз ҷумла, Умед Кучкалиев "UMED KUCHKALIEV",  Фарангис Азимова "FARA AZI", Садбарг Мирраҳимӣ, Сулҳия Ғуломова,  Нафиса Имронова "ZHIWJ", Адолат Абдуҳалимзода "MAKKE EENN", Шабнам Иброҳим, Ирода ва Ситора Солиҳоваҳо  намунаҳои тарроҳии худро пешкаши иштирокдорон гардониданд.
Ин ҳамоиши фарҳангӣ бо дастгирии  Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ ва ташаббуси иттиҳодияи  эҷодии "Т&Z" созмон дода шуд.
Агентии Ховар менависад, дар маросими ифтитоҳи он намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, тарроҳони машҳури кишварҳои хориҷӣ, намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар қатори тарроҳони ватанӣ инчунин тарроҳон аз Федератсияи Русия, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Украина ва Аморати Муттаҳидаи Араб коллексияҳои худро пешниҳоди ҳаводорони олами мӯд мегардонанд.
Ҳафтаи мӯд ҳамчун таҷрибаи пешқадами соҳа дар аксари кишварҳои хориҷӣ эътироф гардидааст.
Ёдовар мешавем, соли чорум аст, ки дар Тоҷикистон Ҳафтаи мӯд ташкил карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала