Капитолия дар Вашингтон боз ноамн шуд- навор

Бар асари ҳамла бо ду посбони Капитолия ҳар дуи онҳо ба бемористон интиқол ёфтанд, вале бо гузашти чанде, яке аз онҳо ҷон бохт
Дар як посгоҳ дар назди Капитолияи ИМА дар Вашингтон як ҳодисаи ошкоро рух дод.
Шахси номаълум постгоҳро зада, кормандони полисро, ки ӯро посбонӣ мекарданд, пахш намудааст. пас аз ин щодиса щар ду корманди пулис ба бемористон интицол ёфтанд, вале яке аз онщо ыон додааст.
Гуфта мешавад, пас аз пахш намудани ду постбон, ҷинояткор бо корд дар даст аз мошин фуруд омада, ба амри кормандони полис гӯш надод. Ҳоло ин мард боздошт ва дар ҳабс қарор дорад.
Инчунин, бино ба гузоришҳои расонаҳо, ҳадди аққал як нафари дигар парронида шудааст.
Баъдтар маълум шуд, ки гумонбар дар ҳамла сокини 25-солаи Индиана Ноа Грин будааст. Ба гуфтаи полис, вай пайрави ҷунбиши сиёсӣ ва мазҳабии "Миллати Ислом" буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала