Муҳриддин дар Маскав бо ҳамтои худ аз Арманистон чиро баррасӣ кард

© акс аз ВУХ ТоҷикистонСироҷиддин Муҳриддин бо Вазири умури хориҷаи Арманистон
Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири умури хориҷаи Арманистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2021
Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Ара Айвазян бо имзо кардани Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои умури хориҷаи ҳар ду кишвар анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 3 апр – Sputnik. Дар Маскав имрӯз мулоқоти Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо ҳамтои ӯ аз Арманиятон сурат гирифт, хабар медиҳад котиботи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Ара Айвазян дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид.
Гуфта мешавад, вазирон масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Арманистон дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитариро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба равобити ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
"Мусоҳибон ба тавофуқ расиданд, ки бо талошҳои вазоратҳои корҳои хориҷӣ рӯзномаи муносибатҳои дуҷонибаро ғанӣ гардонанд", - таъкид мешавад дар хабар.
Манбаъ меафзояд, пас аз анҷоми мулоқот маросими имзои Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Арманистон барои солҳои 2021-2022 баргузор гардид.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала