Намоҳанги Манижа барои Евровидение - 2021 сертамошобинтарин миёни рақибонаш шуд - видео

© Eurovision Song ContestПевица Manizha
Певица Manizha - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2021
Обуна шудан
Намоҳанги овозхон Манижа барои суруди Russian Woman аз таронаи Loco Loco-и гурӯҳи Hurricane аз Сербия дар канали YouTube-и Eurovision Contest Song - 2021 пеш гузашт
ДУШАНБЕ, 3 апр - Sputnik. Намоҳанги овозхони зодаи Тоҷикистон Манижа барои суруди Russian Woman ("Зани Русия") дар канали расмии YouTube-и Eurovision Song Contest - 2021 беш аз 6,7 миллион тамошобин пайдо карда, дар байни иштирокчиён маъруфтарин гардид.
Қаблан гурӯҳи сербии Hurricane бо суруди Loco Loco дар ҷойи аввал буд - видеои онҳо дар ҳоли ҳозир тақрибан 6,6 миллион тамошобин дорад.
Рӯҳонӣ ҳам дар бораи суруди Манижа гуфту ба ӯ маслиҳате дод
Қобили зикр аст, ки чанд рӯз пеш суруди Russian Woman, ки беш аз 6 миллиону 80 ҳазор тамошобин пайдо кард, 100 ҳазор камтар аз суруди сегонаи сербҳо буд. Шумораи тамошобиноне, ки ҳунарнамоии сарояндаи зодаи Тоҷикистонро писандиданд, низ меафзояд. Дар айни замон, 220 ҳазор нафар онро писандида, ҳамзамон 138 ҳазор корбар баҳои манфӣ додаанд.

Евровидение 2021

Озмуни Евровидение - 2021 рӯзҳои 18-22 май дар Роттердами Ҳолланд баргузор мешавад. Ҳунармандони 41 кишвар сурудҳои худро пешкаш мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки суруди Манижа барои Евровидение - 2021 дар доираи интихоби миллӣ дар Шабакаи аввал пешниҳод карда шуд.
Кремл дар бораи суруди Манижа гуфт: онро тамошобинон интихоб кардаанд
Суруди Russian Womanа вокуниши васеи мардумро ба бор овард. Ҳатто муроҷиатҳое ба Кумитаи тафтишотии Русия оид ба баррасии таронаи сароянда низ буд, ки номуваффақ анҷомид.
Лентаи хабарҳо
0