Ширин Амонзода бо як ҳайати Вазорати меҳнат ба Ворух рафт

© Вазорати меҳнатШирин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират дар Ворух
Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират дар Ворух - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2021
Ширин Амонзода, вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон низ бо як ҳайати кормандони ниҳоди зертобеяш ба Ворух рафтааст
ДУШАНБЕ, 2 апр – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Вазорати меҳнат, сафари кории Амонзода ба Ворух дар заминаи дастуру супоришҳои президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст.
Хамрохон Зарифи. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2021
Тошиев чиро бояд намегуфт? Зарифӣ хатои раиси КДАМ – ро гуфту маслиҳат дод
Ба иттилои манбаъ, дар доираи сафар ҳайати гурӯҳи кории Вазорати меҳнат, зимни сафар аз иншоотҳои сохташуда барои соҳибкасб намудани аҳолии ҷамоат ташкил намудани курсҳои кутоҳмуддати қаннодӣ, кафшергарӣ, дузандагӣ ва омӯзиши малакаҳои нави коргарӣ боздид намудааст
Гуфта мешавад, тасмим гирифта шуд, ки аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ барои соҳибкасб намудани занону бонувон, ҷавонону наврасон, калонсолон ва дар умум аҳолии ҷамоати деҳаи мазкур курсҳои кутоҳмуддати омӯзишии ройгон ба роҳ монда шуда, филлиали муассисаи давлатии Маркази омӯзишии калонсолон таъсис дода шавад.
Дар ин замина, барои таъмини марказ бо лавозимотҳои зарурӣ 10 адад компютер ва таҷҳизотҳои ихтисоси кафшергарӣ, дузандагӣ ва дигар лавозимотҳои зарурӣ аз ҷониби Вазорат туҳфа карда мешавад.
Ҳамчунин, дар деҳаи мазкур маркази омодагӣ пеш аз сафар барои муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил ва ба роҳ монда мешавад.
Маълум шуд, ки чаро Эмомалӣ Раҳмон ба Ворух меравад
Дар назар аст, раисиҷумҳури кишвар низ дар доираи як сафари корияш ба шимоли кишвар аз Ворух дидан кунад ва бо мардум мулоқоте низ анҷом диҳад.
© Вазорати меҳнатСафари Ширин Амонзода, Вазири меҳнати Тоҷикистон ба Ворух
Сафари Ширин Амонзода, Вазири меҳнати Тоҷикистон ба Ворух - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Сафари Ширин Амонзода, Вазири меҳнати Тоҷикистон ба Ворух
Ёдовар мешавем, пешниҳоди ахири раиси КДАМ Қирғизистон Қамчинбек Тошиев оид ба ивази Ворух ба қисме аз минтақаи Бодканди он кишвар вокунишҳои шадидро аз ҷониба Тоҷикистон дар пай дошт. 
Ҳамрохон Зарифӣ, собиқ вазири умури хориҷии Тоҷикистон, ки дар аҳди вазирияш ҳалли масоили марзӣ бо Чинро бурди дипломатияи тоҷик хонда буд, рӯзи гузашта ба пешниҳоди Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ Қирғизистон барои иваз кардани замини “Ворух” вокуниш нишон дод.
Архивное фото Камчибека Ташиева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2021
Посухи Тошиев ба изҳороти Зарифӣ: собиқ вазири тоҷикро ба душманӣ айбдор кардааст
Зарифӣ дар вокуниш ба Тошиев, ки иваз кардани Ворух бо заминҳои дигар дар қаламрави Бодкандро пешниҳод карда буд, изҳор доштааст, ки Ворух барои ҳамеша замини Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Ӯ гуфтааст, ки бар асоси бархе санадҳои таърихӣ, сиёсӣ ва ҷуғрофӣ қаламрави Ворух ҳеч гоҳ анклав набудааст ва танҳо замони шӯравӣ бархе кӯчманчиёни қирғизро ба чарогоҳҳои Тоҷикистон роҳ дода буданд, ки баъдан дар он ҷо маскан шудаанду дар ҳамдигарфаҳмӣ бо бародарони тоҷикашон иқомат кардаанд.  Зарифӣ гуфтааст, гап сари баргардондани заминҳо ба Тоҷикистон намеравад, танҳо санадҳои ҳуқуқиро бояд эътироф кард.
“На бояд ба тоҷикон заминашонро ба ивази заминашон пешниҳод кард”, - изҳор доштааст собиқ вазири умури хориҷӣ.
Зарифӣ аз сарусадои охир атрофи марз зикр намуда, изҳор доштааст, ки набояд дар хулосабарорӣ шитоб кард, чун тоҷикону қирғизҳо садсолаҳо канори ҳам дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ кардаанд, дасти ҳам гирифтаанд, ки фаромӯш намешавад.
Бояд зикр намуд, ки дарозии умумии марз байни Тоҷикистону Қирғизистон 972 километрро ташкил медиҳад, ки аз он танҳо 520 километр дар сатҳи ҳукумат ва 77 километр дар сатҳи гурӯҳҳои корӣ мувофиқа карда шудааст. Зиёда аз 370 километр номуайян боқӣ мондааст. Ин номуайянӣ боис шудааст, ки миёни сокинони наздимарзӣ танишҳо рух медиҳанд, ки баъзан бо занозанию тирпаронӣ ва марги одамон аз ҳарду ҷониб мепечад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала