Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Посухи Шӯрои уламо ба корбари носкаш, ки қасами занталоқ хӯрду ваъдаашро шикаст

© Sputnik / Амир Исаев, STR / Гузаштан ба хазинаи аксПредседатель Совета улемов Исламского центра Таджикистана Саидмукаррам Абдукодирзода, архивное фото
Председатель Совета улемов Исламского центра Таджикистана Саидмукаррам Абдукодирзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2021
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба суоли корбари сомонааш, ки бо занталоқ қасам хурдааст, ки дигар нос намекашад, аммо ин амалашро дигарбора такрор кардааст ва оё ин ба никоҳаш халал ворид кард ё на, посух гуфт
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Рустам, як корбари сомонаи Шӯрои уламо навиштааст, нос мекашид, ҳамсараш ҷанҷол кард, ки нос накад ва кордро гирифтаву гуфтааст, ки агар қасам нахӯрад, худро мекушад.
Праздничный намаз на Иди Курбон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2021
Фатвои Шӯрои уламо дар бораи қасами “занталоқ” ва савганд ба номи Худою Қуръон
"Ман барои гирифтани корд аз дасти ӯ гуфтам, ки “занталоқ бошам, ки намекашам”. Вале пас аз чанд моҳ боз нос кашидам. Оё дар никоҳи мо халале ворид шудааст?",- навиштааст Рустам. 
Шӯрои уламои Тоҷикистон посух додааст, ки азбаски шумо шарти гузоштаатонро шикастаед, ҳамсаратон як талоқи раҷъӣ шудааст ва бароятон таҷдиди никоҳ мустаҳаб аст.
Набояд фаромӯш кард, ки нос кашидан ба саломатии инсон зарар дорад ва сабаби зоеъ шудани молу сарват мегардад, афзудааст, Шӯрои уламо.
"Дар хоб Президентро дидам": таъбири хобҳо аз Шӯрои уламо
Ба гуфтаи ин ниҳод, он маблағе, ки барои хариди нос харҷ мекунед, онро барои заруриёти зиндагӣ, масалан барои васоили хониши фарзандонатон сарф кунед, иншоаллоҳ дар зиндагатон баракат ҳосил мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала