"Сомон Эйр" 6 апрел аз Душанбе ба Маскав мепарад: шартҳо барои мусофирони ин хатсайр

© Alec WilsonСамолет компании "Сомон Эйр", архивное фото
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2021
Мусофироне, ки таби баланд доранд ба ҳавопаймо рoҳ дода намешаванд. Гузашта аз ин, агар пас аз фуруд дар фурудгоҳи Домодедово маълум шавад, ки маълумотномаи эмин будан аз коронавирус сохта бошад, тамоми хароҷоти ба миён омада ба зимаи мусофир вогузор мешавад
ДУШАНБЕ, 3 апр – Sputnik. Нахустин парвози ширкати ҳавонавардии "Сомон Эйр" аз Душанбе ба шаҳри Маскав, фардо 6 апрел сурат хоҳад гирифт, хабар медиҳад агентии Ховар.
Ба иттилои манбаъ, парвоз аз самти Душанбе соати 12:00 ва аз Маскав соати 16:00 ба вақти маҳаллӣ муқарар шудааст.
Зимнан, ба маълумоти хоҳишмандони сафар аз Тоҷикистон ба Русия чанд шарту шароит вогузор шудааст.
Самолет авиакомпании Utair  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2021
249 мусофир ба нахустин парвози мунтазами самти Русия роҳ наёфтанд: сабаб
Нахуст, мусофирон бояд ҳатман маълумотномаи эмин будан аз маризии коронавирус дошта бошанд ва он на дертар аз 72 соат қабл аз парвоз гирифта шавад.
Маълумотнома бояд аслӣ ва бо забони русӣ бошад ва ҳамаи навиштаҷоти он дар компютер ҳуруфчинӣ шуда бошад.
Илова бар ин, мусофороне, ки таби баланд доранд ба ҳавопаймо роҳ дода намешаванд. Ва агар аснои фуруд омадан дар фурудгоҳи Домодедово дақиқ шавад, ки маълумотномаи мусофир қалбакӣ аст, он гоҳ тамоми хароҷоти ба миёномада ба зимаи мусофир гузошта мешавад.
Манбаъ меафзояд, айнан чунин шартҳо барои нафароне, ки аз Русия ба Тоҷикистон рахти сафар мебанданд, ҷой дорад.
Риоя кардани фосилаи иҷтимоӣ, пӯшидани ниқобу дастпӯш аз чораҳои маъмулие ҳастанд, ки иҷро намудани он шарт ва зарур аст.
Ёдовар мешавем, ки шоми дирӯз дасти кам 249 мусофир ба далели надоштани асос барои вуруд шудан ба қаламрави Русия ба ҳавопаймо роҳ дода нашуданд.
Дар Душанбе мардум шабро назди кассаи билетфурӯшӣ гузарониданд, то ба Русия чипта харанд
Таъкид мешавад, ки ба парвоз танҳо нафароне, ки шаҳрвандӣ ва ё иҷозаи иқомат доштанд, роҳ дода шуданд. Ҳамчунин нафароне, ки мариз ҳастанд ва ҳуҷҷати тасдиқкунанда доштанд низ роҳ дода шуданд. Афроде, ки даъватномаи кор дар даст доштанд, низ ба ҳавопаймо дохил шуданд.
Бояд қайд намуд,  ҳамаи 249 мусофире, ки аз сафар ба Русия бозмонданд, маълумотномаи эмин будан аз коронавирусро доштанд ва аҳамкнун он корношоям шуду ба ҷайби мусофирон як зарари дигар ворид гардид.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала