Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

"Сомон Эйр" гуфт, киҳо ба парвози нахустин самти Русия роҳ дода мешаванд

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ҚирғизистонИстиқбол аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар фурудгоҳи Исиқкӯли Қирғизистон
Истиқбол аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар фурудгоҳи Исиқкӯли Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2021
"Сомон Эйр" қаблан эълон намуд, ки нахустин парвози ин ширкат рӯзи 4 апрел сурат мегирад, вале он на барои ҳамаи мусофирон аст
ДУШАНБЕ, 3 апр – Sputnik. Ширкати ҳавонавардии "Сомон Эйр" бо нашри иттилоия ба саҳми шаҳрвандони Тоҷикистон расонидааст, ки аз парвози нахустини ин ширкат ба самти Русия на ҳамаи хоҳишмандон баҳравар мешаванд.
Бар хабари манбаъ, нахустини рӯзи парвози ин ширкат аз шаҳри Душанбе ба пойтахти Русия фардо, 4 апрел сурат мегирад.
Алоқаи ҳавоии Русия ва Тоҷикистон боз шуд: дар нуқтаҳои чиптафурӯшӣ чӣ мегузарад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2021
"То Рустам шикоят мебарам": интиқоди як зан аз камчинӣ ва арзиши гарони чипта - навор
Тариқи ин хатсайр танҳо ба мусофироне иҷозати парвоз дода мешавад, ки расман асос барои баргашт ба Русияро дошта бошанд. Аз ҷумла, муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар рӯйхати Роструд ба қайд гирифта шудаанд, мутахассисони баландихтисос ва аъзоёни оилаҳои онҳо, инчунин онҳое, ки барои табобат ба Федератсияи Русия сафар мекунанд ва ё хешовандони наздикро дар он кишвар доранд, ба сафар роҳ дода мешаванд.
Қайд гардидааст, мусофироне, ки пешакӣ барои ин рӯз чипта харид намудаанд, имкон доранд, санаи онро тағйир диҳанд ва ё метавонанд чиптаи худро бозпас гардонанд.
Парвози навбатии мунтазам дар масири Душанбе - Маскав - Душанбе тавассути ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" 6 апрел ба нақша гирифта шудааст.
Илова бар ин, ширкати мазкур таъкид намудааст, ки доштани маълумотнома дар бораи эмин будан аз коронавирус шарт ва зарур аст.
"Маълумотнома бояд аслӣ ва бо забони русӣ бошад ва ҳамаи навиштаҷоти он дар компютер ҳуруфчинӣ шуда бошад", - таъкид мешавад дар хабар.
Манбаъ меафзояд, мусофороне, ки таби баланд доранд ба ҳавопаймо роҳ дода намешаванд. Ва агар аснои фуруд омадан дар фурудгоҳи Домодедово дақиқ шавад, ки маълумотномаи мусофир қалбакӣ аст, он гоҳ тамоми хароҷоти ба миёномада ба зимаи мусофир гузошта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала