Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред
Международный аэропорт Челябинск - Sputnik Тоҷикистон
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

Субҳонзода таъхири парвоз ба Русияро шарҳ доду гуфт, зарари мусофирон ҷуброн мешавад

© © Sputnik / Амир ИсаевДиректор Агентства гражданской авиации Икром Субхонзода
Директор Агентства гражданской авиации Икром Субхонзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2021
Тамоми мусофироне, ки мебоист шаби 3 апрел тавассути ҳавопаймои ширкати русии "ЮтЭйр" аз Душанбе ба Москва парвоз мекарданд, метавонанд 9 апрел тавассути ҳавопаймои парвоз намоянд
ДУШАНБЕ, 3 апр – Sputnik. Директори Агентии авиатсисияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода шарҳ додааст, ки чаро парвозҳои мунтазам ба самти Русия имрӯз оғоз нашуд.
Самолет авиакомпании Utair  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2021
249 мусофир ба нахустин парвози мунтазами самти Русия роҳ наёфтанд: сабаб
Дар посух ба саволи он ки чаро парвози мунтазами нахустини «ЮтЭйр» дар масири Душанбе–Москва шаби 3 апрел ба таъхир афтод, Икром Субҳонзода гуфт, ки ин аз ҷониби Россия сурат гирифтааст, хабар додааст НИАТ "Ховар"
"Сабабаш ба Қарори Ҳукумати Федератсияи Россия ворид нагардидани тағйирот доир ба оғози парвозҳои мунтазами ҳавоии Россия бо шаш давлат, аз ҷумла, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Германия, Венесуэла, Сурия ва Шри-Ланка, мебошад, ки тибқи он бояд бо ин кишварҳо аз 1 апрел Россия парвозҳои мунтазам оғоз менамуд",- гуфтааст Субҳонзода.
Номбурда гуфтааст, тамоми мусофироне, ки мебоист шаби 3 апрел тавассути ҳавопаймои ширкати русии "ЮтЭйр" аз Душанбе ба Москва парвоз мекарданд, имкон доранд бидуни ягон монеа 9 апрел тавассути ҳавопаймои ин ширкат аз Душанбе ба Москва парвоз намоянд.
Роҳбарияти Агентии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми мусофироне, ки парвозашон ба 9 апрел дар хатсайри Душанбе –Москва ба таъхир гузошта шудааст, хоҳиш намудааст, ки ба ҳар гуна овозаю дасиса дода нашаванд, парвози онҳо ҳатман 9 апрел бидуни ягон мушкилот ва монеа сурат гирифта, хароҷоти мусофирон ҷуброн мегардад.
Ёдовар мешавем, ҷониби Русия санаи 25 марз аз кушодашавии марзаш бо Тоҷикистон хабар дод ва барои иҷрои парвозҳои мунтазам ба ширкатҳои "ЮтЭйр" ва "СомонЭйр" иҷозат дод. Қарор буд нахустин парвози деринтизори мунтазам шаби гузашта доир мешуд, аммо нашуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала