Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

"То Рустам шикоят мебарам": интиқоди як зан аз камчинӣ ва арзиши гарони чипта - навор

Аз боз шудани равобити ҳавои миёни Тоҷикистону Русия хурсандии аксар мардуми Тоҷикистон ҳадду канор надошт. Вале, ҳоло мушкили хариди чипта хоҳишмандони сафар ба Русияро нигарон намудааст
ДУШАНБЕ, 3 апр – Sputnik. Пас аз эълон шудани нахустин рӯзи парвози ҳавопаймо аз Душанбе ба Маскав, ҳазорон шаҳвандони Тоҷикистон, ки дар пандемия ба Ватан баргаштанду дармонданд, аз пайи харид шудани билети парвоз шуданд.
Қаблан хабар дода шуд, ки чиптаҳои ҳавопаймоӣ самти Душанбе - Маскав танҳо дар пойтахт ва он ҳам аз ҷониби Агентии авиатсияи гражданӣ фурӯхта мешавад.
Муттамарказ намудани ҷойи фурӯши чиптаҳо мушкили шаҳрвандони ба муҳоҷиратрафтаро дучанд кард. Ҳамакнун даҳҳо сокинони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба хотири харид кардани чипта ба пойтахт меоянд ва дар пеши дари нуқтаи чиптафурӯшӣ рӯзро шом ва шомро саҳар мекунанд.
Наворе, ки дар шабакаи иҷтимоии You Tube нашр шудааст, далели ин гуфтаҳост.
Очередь в салоне сотовой связи в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2021
Билет нест, навбат ҳаст: таҷаммӯи хоҳишмандони сафар ба Русия дар назди дӯкони билетфурӯшӣ
Дар ин навор зане аз камчинии чипта ва нархи гарони он сахт нигаронӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, аз сабурии мардуми тоҷик сӯистифода мешавад, зеро агар дар дигар давлатҳо ин гуна кор сурат мегирифт, мардум барвақт даст ба эътироз мезаданд.
Ин модар мегӯяд, ҳарчанд нархи чиптаро 4 - 4,5 ҳазор сомонӣ мегӯянд, вале он бо нархи 8 000 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Ӯ бо ғазаб аз масъули нуқтаи билетфурӯшӣ мепурсад, ки "чаро чипта нест? Ба кӣ фурӯхтед, дар ҳоле, ки ин ҷо наздики 10 рӯз ҷавонҳо истода, дар интизори билет ҳастанд?
"Билетталош", шеърхонии Ғанӣ, баҳси Ворух ва барканории Ализода: ҳафтае, ки мегузарад
Зимнан, ба суолаш худ ҷавоб гардонд, ки "читаҳо то 20 апрел бо арзиши 8 ҳазор сомонӣ аллакай фурӯхта шудаанд".
Номбурда гуфт, ягон кас ба арзиши 4 ё 5 ҳазор сомонӣ чипта дарёфт накардааст, ҳамагон онро ба қимати 8 000 сомонӣ харид мекунанд.
Ин зан изҳор дошт, ки шикоятро то раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ мебарад, бигзор ба доди мардуми мазлум расидагӣ кунад. Зеро ҳар як довталаби чиптаи ҳавопаймоӣ барои харид кардани он қарз гирифтаанд ва ё чорвою дигар ашёҳои рӯзгорро ба фурӯш гузошта, маблағ ба даст овардааст.
Ҳар як сухани ин занро даҳҳо мардоне, ки назди нуқтаи билетфурӯшӣ ҷамъ омада буданд, дастгирӣ намуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала