249 мусофир ба нахустин парвози мунтазами самти Русия роҳ наёфтанд: сабаб

© Sputnik / Саид Царнаев / Гузариш ба медиабонкСамолет авиакомпании Utair
Самолет авиакомпании Utair  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2021
Обуна шудан
Ширкати ҳавопаймоии "ЮтЭйр" қарор буд шаби гузашта нахустин гуруҳи шаҳрвандони Тоҷикистонро тариқи парвози мустақим озими Маскав гардонад, аммо он бидуни мусофироне, ки асос барои вуруд ба русияро надоранд, парвоз кард
ДУШАНБЕ, 3 апр – Sputnik. Нахустин парвози мунтазам пас аз эълони кушодани марзҳо мебоист шаби гузашта соати 02:00 ба вақти Душанбе доир шавад.
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2021
Аз Тоҷикистон гарон, аз Русия арзонтар: арзиши билети парвозҳои муқаррарӣ маълум шуд
Бино ба иттилои манобеи Sputnik Тоҷикистон 249 нафарро аз ин сафар боздоштаанд. Гуфта мешавад ҷониби Русия хостааст, ки танҳо ба афроде, ки асос доранд иҷозаи парвоз дода шавад.
Ба иттилои манбаъ, сабаби аслии нигоҳ доштани онҳо асос надоштан барои вуруд ба хоки Русия гуфта мешавад.
"Танҳо ба парвоз афроде, ки шаҳрвандӣ ва ё иҷозаи иқомат, беморанду барои табобат ҳуҷҷат доранд ва даъватномаи корро доранд роҳ дода шуданд. Аз ин миён 249 нафари дигарро ба парвоз роҳ надоданд", - афзуд ин манбаъи Sputnik Тоҷикистон.
Ин манбаъ гуфт, дар назар аст, мусофирони бозмонда дар доираи парвози мунтазам санаи 9 апрел сафар кунанд.
Ҳамзамон тест оид ба надоштани коронавирус аз ин афрод корношоям гашт, ки зарари дигар ба ҷайби онон гуфта мешавад.
Фарҳод, хешованди як мусофир, ки барои гусели бародараш омадааст, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, чиптаи бародарашро баъди чанд рӯзи интизориҳо пушти дари нуқтаҳои чиптафурушӣ, харид ки маблағи он қарз мебошад: "Бародарам аз як шиносаш барои хариди чипта қарз гирифт ва ман барои хариди он он ҳатто шабро пушти дари нуқтаи билетфурӯшӣ рӯз кардам. Акнун парвоз доир нагашт, тестҳои оид ба набуди коронавирус, ки гирифтем бекор шуд ва дубора гирифтан лозим меояд. Аз ширкат низ дар бораи ҷуброни зарар чизе нагуфтанд".
Ёдовар мешавем, ҷониби Русия санаи 25 марз аз кушодашавии марзаш бо Тоҷикистон хабар дод ва барои иҷрои парвозҳои мунтазам ба ширкатҳои "ЮтЭйр" ва "СомонЭйр" иҷозат дод. Қарор буд нахустин парвози деринтизори мунтазам шаби гузашта доир мешуд, аммо нашуд.
Лентаи хабарҳо
0