Даргузашти Асалбегим Саодатова, ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевМужчина совершает молитву на кладбище
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2021
Асалбегим Саодатова, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистони шӯравӣ дар соли 71-уми умраш дар шаҳри Душанбе дунёро падрӯд гуфт
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Асалбегим Саодатова ҳунарпешаи маъруфи театру синамои тоҷик даргузашт, хабар додааст Зеваршоҳ Муҳаммад, рӯзноманигори тоҷик дар саҳифааш.
Зеваршоҳ Муҳаммад, ки бештар мавзӯъҳои фарҳангиро пайгирӣ мекунад, иттилоъ додаст, ки Асалбегим Саодатова пас аз хатми Донишкадаи давлатии санъати театрии шаҳри Москва, ба номи А.В. Луначарский ба Ватан баргашта, аз бунёдгузорони театри “Ҷавонон”-и ба номи Маҳмудҷон Воҳидов буд.
Профессор Шавкат Ниёзӣ дар Маскав даргузашт: тобути ӯро ба Тоҷикистон намеоранд
Манбаъ афзуд, ки Саодатова миёни мардум бештар бо нақши "Аҷузкампир" аз намоишномаи телевизионии “Алифбоҷон, Алифбо!” машҳур буд.
Ҳунарпешаи мардумӣ моҳи ноябри соли гузашта 70-солагияшро таҷлил кард. Наздиконаш мегӯянд, солҳои охир аз бемории қанд ранҷ мебурдааст.
Маросими ҷанозаи марҳум рӯзи 5 апрел дар шаҳри Душанбе дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала