Дар Душанбе ҷашнвораи "Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон" оғоз шуд

© © Sputnik / Амир ИсаевВосьмая международная выставка-ярмарка "Российское образование Душанбе-2019"
Восьмая международная выставка-ярмарка Российское образование Душанбе-2019 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2021
Дар Душанбе Ҷашнвораи ҷумҳуриявии "Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон" таҳти унвони "Хуҷаста бод, Истиқлол!" оғоз шуд. Ин ҷашнвора то 9 апрел идома хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 4 апр – Sputnik. Бо ибтикори Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар "Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар" Ҷашнвораи ҷумҳуриявии "Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон" таҳти унвони "Хуҷаста бод, Истиқлол!" бо тантана оғоз гардид.
Тибқи иттилои Вазорати фарҳанг, аввал дар саҳни китобхона намоиши китоб таҳти унвони "Фурӯғи субҳи доноӣ…", намоиши дастранҷи кӯдакону наврасон, намоиш ва фурӯши китобу рӯзнома ва маҷаллаҳои тозанашр ба маъраз гузошта шуда, порчаҳо аз намоишномаи Театри давлатии ҷумҳуриявии "Лӯхтак" ва Сирки давлатии Тоҷикистон манзури ҳозирин гардид.
Раъно Насриддинова, барандаи шоҳҷоизаи озмуни Фурӯғ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2021
Барандаи шоҳҷоизаи “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Раъно Насриддинова ҷарроҳӣ шуд
Ҷашнвораро бо сухани ифтитоҳии муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Абдураҳимзода Қурбоналӣ Бозор оғоз кард.
Ҳамчунин, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Равшан Махсумзод баромад карда, адибон Латофат Кенҷаева ва Муҳамад Ғоиб иштирокдорони фестивалро табрик намуд.
Ин ҷашнвора ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Наврӯзи Аҷам, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф бахшида шудааст.
Вазорати фарҳанг ҳадафи асосии баргузории фестивалро ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккул ва такомули беҳтарин малакаҳои хониш, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон, ҷавонон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мегӯяд.
Мавриди зикр аст, ки Фестивали ҷумҳуриявии "Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон" таҳти унвони "Хуҷаста бод Истиқлол!" 9 апрел дар толори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо иштироки китобдорон, фаъолон, ғолибони озмунҳо, аҳли илму адаб, намояндагони вазоратҳои фарҳангу маориф ва воситаҳои ахбори омма бо намоиши идона ҷамъбаст мегардад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала