Гузашти тиллоӣ: чаро дар Миср ҷасади фиръавнҳоро кӯчонданд - видео

Обуна шудан
Ҷасади фиръавнҳо аз Осорхонаи миллии Миср дар шаҳри Қоҳира бо як гузашти бошукӯҳ ба мавзеи нав кӯчонда шуданд
Дар феҳрасти фиръавнҳое, ки ҷасадашон аз Осорхонаи миллии Миср кӯчонда шуданд, аз ҷумла Рамзеси II, Тутмоси III ва Сети I мебошанд.
Президент РФ В.Путин встретился президентом Египта А.Ф.ас-Сиси - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2021
Даъвати кишвардори Миср аз мардум: беш аз 2 фарзанд таваллуд накунед
Дар маҷмуъ ҳудуди 22 фасади фиръавнҳо аз осорхонаи миллӣ дар майдони Таҳрири шаҳри Қоҳира кӯчонда шуданд. Макони нави фиръавнҳо Осорхонаи миллии тамаддуни Миср интихоб шудааст, ки дар қисмати қадимаи шаҳр дар Фустат ҷойгир мебошад. 
Миёни фиръавнҳо 18 шоҳ ва чор малика мебошанд, ки ба сулолаҳои 17 - 20 тааллуқ дошта, таърихи беш аз 3 ҳазор сола доранд. Аз ҷумла дар ин миён фиръавнҳо Рамзес II, Тутмос III, Сети I ва маликаи машҳури Миср Ҳатшепсут мебошад.
Маросими кӯчондан бошукуҳ ва бо иштироки одамони зиёд баргузор гардида, тариқи шабакаҳои интернетию телевизионӣ мустақим пахш гардид. Дар Фустат ҷасадҳоро дар ҳуҷраҳои махсуси беоксиген ҷой дода мешаванд, ки ҳомили азот буда, ҷасадҳоро аз намию бактерия ва харобшавӣ ҳифз мекунад.
Лентаи хабарҳо
0