Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Комроншоҳи Устопириён рақиби пурзӯрашро моҳирона аз пой афтонд - навори рақобат

Паҳлавони номдори тоҷик Комроншоҳи Устопириён аз сабқати "Antalya Grand Slam 2021" медали биринҷӣ овард
Дар рӯзи ниҳоии мусобиқаи "Antalya Grand Slam 2021" мунтахаби кишварро ҷудочии шинохтаи тоҷик, Комроншоҳи Устопириён дар вазни 90 кило муаррифӣ кард.
Комроншох Устопириён, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2021
Комроншоҳ 4 ҳарифашро мағлуб карду аз Ниман шикаст хӯрд
Комроншоҳ дар даври аввали чорабинии мазкур бо намояндаи Австрия, Адам Борчашвили рақобат кард. Дар ин нерусанҷӣ варзишгари тоҷик ғолиб шуда, ба сабқати даври дуюм роҳ пайдо кард.
Дар даври дуюм Устопириён бо Сидорюк Александр рӯ ба рӯ шуда, дар ин қувваозмоӣ низ намояндаи Тоҷикистон дастболо шуд ва ба даври сеюм роҳ ёфт.
Дар даври мазкур Комроншоҳ аз сари роҳаш ҷоизадори нишони нуқраи Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон 2018 – Бездек Мартини чехиягиро дур карда, ба даври ¼ финал қадам гузошт.
Дар даври чорякфинал Комроншоҳ ба намояндаи Исроил - Ли Кохман пирӯзӣ ба даст оварда, ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт. Вале дар нимфинал Комроншоҳ аз дасти Маркус Ниман дучори бохт шуд.
Сайри ҷаҳонии ҷудо: мусобиқоти навбатӣ дар Анталия баргузор мешаванд
Ҳамин тавр, Комроншоҳ барои ба даст овардани медали биринҷӣ аз Дэвид Кламмертиро мағлуб шуда, зинаи 5-умро ишғол кард.
Дар ин сабқт, ки аз 1 то 3 апрел дар Туркия баргузор шуд, се варзишкори тоҷик: Комроншоҳи Устопириён, Шаҳбоз Саидаброров ва Темур Раҳимов аз Тоҷикистон намояндагӣ карданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала