Оғози чемпионати Тоҷикистон дар риштаи футбол: ҷадвали бозиҳо

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевМатч между сборными Таджикистана и Монголии по футболу
Матч между сборными Таджикистана и Монголии по футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2021
Обуна шудан
Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод, ки имрӯз 4 март чемпионати Тоҷикистон-2021 оид ба футбол байни дастаҳои футболи Лигаи олӣ бо иштироки даҳ даста оғоз меёбад
ДУШАНБЕ, 4 апр – Sputnik. ФФТ мегӯяд, дар даври якуми чемпионат “Файзканд”-и ноҳияи Восеъ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо КМВА-и Душанбе сабқат мекунад. Инчунин дар варзишгоҳи “20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” дастаи “Хуҷанд” бо “Душанбе-83” рақобат мекунад.
Празднование Навруза в Москве на стадионе Лужники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2021
Чиптафурӯшӣ сар шуд: футболи тоҷик минбаъд бо ҳузури тамошобинон доир мешавад
“Рӯзи душанбеи 5-уми апрел бошад, “Эсхата”-и Хуҷанд бо “Хатлон”-и Бохтар қувва меозмояд. Ин бозӣ ҳам дар варзишгоҳи “20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад”, - хабар додааст “Ховар” аз қавли ФФТ.
Пирӯзии дастаи "Помирэнерҷӣ" дар сабқти футбол дар Хоруғ
Манбаъ афзуд, бозии дигари даври якум байни дастаҳои “Истаравшан”-и Истаравшан ва “Равшан”-и Кӯлоб рӯзи сешанбеи 5-уми апрел дар варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан баргузор мегардад.
Бозиҳо бо иштироки “Истиқлол”-и Душанбе дар оғози чемпионати Тоҷикистон-2021 мавқуф гузошта шуданд, дар рӯзҳои дигар  баргузор хоҳанд шуд.
Дастаи  “Истиқлол”-и Душанбе дар  марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2021, ки Арабистони Саудӣ доир мегардад, иштирок мекунад.
Лентаи хабарҳо
0