Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба театр рафтанд

© Sputnik / Амир ИсаевДушанбинский театр оперы и балета зимой
Душанбинский театр оперы и балета зимой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2021
Обуна шудан
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоишномаи "Зол ва Рӯдоба" - ро тамошо кардаанд
ДУШАНБЕ, 4 апр – Sputnik. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаҳои маърифатию фарҳангӣ намоишномаи "Зол ва Рӯдоба"-и балети Шуҳрат Ашуровро аз рӯи асари "Шоҳнома"-и Абулқосим Фирдавсӣ тамошо карданд.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Кормандони милитсия намоишномаи «Фирдавсӣ»-ро тамошо намуданд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2019
Раҳимзода зердастонашро ба театр бурд
Гуфта мешавад, ки дар анҷоми намоиш "дар қасри Нимрӯз базми арӯсии Рӯдоба ва Зол баргузор мегардад. Ҳама аз пайванди ҷавонон шоданд. Сом тоҷро ба Зол бахшида, давлатдориро ба ӯ месупорад ва худ назди ҳамсари хушбахташ меравад. Зол дасти Рӯдобаро мегирад, нигоҳи онҳо ба ояндаи дурахшон аст…"
Занон  дар "Шоҳнома" аз беҳтарин қахрамонони асар ҳисоб меёбанд, ки дар душвортарин лаҳзаҳои ҳаёт ҷасорат ва мардонагӣ зоҳир менамоянд.
Абулқосим Фирдавсӣ номвартарин шоир ва яке аз ситорагони дурахшандаи адабиёти тоҷику форс аст.
Аксари муҳаққиқон "Шоҳнома"-и ӯро беҳтарин ҳамосаи адабиёти ҷаҳонӣ номидаанд.
Симои қаҳрамонони ҳамосаи миллӣ дар адабиёти ҷаҳон ва марҳилаи инкишофи таьрихии адабиёти миллӣ яке аз проблемахои хеле ҷиддии илми адабиётшиносӣ мебошад.
Дар "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ мафҳуми зан-модар хеле густурдаву доманадор аст. Зан-модар асоси ҷомеа, тавлидкунандаи хаёли инсоният, сутуни ҳар хонадон ва чароғи кошонаи тамоми мардуми рӯи олам мебошад.
Зан-модар чун қаҳрамони саҳнаи пайкору набардҳо ба осори адабии мардуми Машриқзамин ворид шуда, на танҳо дар сарнавишти ақвоми ориёӣ, ҳамчунин дар адабиёти мардумони бурунмарзӣ таъсири бузург расонидааст.
Лентаи хабарҳо
0