Баҳс дар Ворух: собиқ раиси Суди Олӣ аз аввалин занозанӣ, ҳолати изтирорию гузаштҳо гуфт

© Пресс-служба президента КР / Султан ДосалиевСело Ворух на границе Кыргызстана и Таджикистана. Архивное фото
Село Ворух на границе Кыргызстана и Таджикистана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2021
Ҳизбилло Хоҷаев, собиқ раиси Суди олии Тоҷикистон ва ҳуқуқшиноси шоистаи кишвар аз собиқаи баҳсҳо дар марз бо Қирғизистон гуфтааст, ки аз нахустин занозанӣ дар соли 1974 дар деҳаи Ворух то эълони ҳолати фавқулодда ва гузаштҳои ахири ҷонибҳоро фаро мегирад
ДУШАНБЕ, 4 апр – Sputnik. Ҳизбилло Хоҷаев мегӯяд, бори аввал байни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ моҳи декабри соли 1974 дар деҳаи Ворух барои истифодаи замин задухӯрд рӯй дода, боиси захм бардоштани аҳолии ҳар ду ҷониб гардид.
Очередь в салоне сотовой связи в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2021
"Билетталош", шеърхонии Ғанӣ, баҳси Ворух ва барканории Ализода: ҳафтае, ки мегузарад
“Тоҷикон мавҷудияти ин баҳсҳоро аз собиқ роҳбарони ҳизбию давлатии Тоҷикистон медонанд ва тасдиқ мекунанд, ки онҳо бо мақсади озод шудан аз андози замин қисмати зиёди заминҳои дар истифоданабудаи захираи давлатиро ба Қирғизистон гузашт намудаанд. Қирғизистон, бинобар ҷумҳурии чорводор будан, бо қарори Ҳукумати Иттиҳоди Шӯравӣ аз додани андози замин озод буд”, - навиштааст Хоҷаев дар мақолае, ки “Садои мардум”, нашрияи парлумони Тоҷикистон онро бознашр кардааст.
Ӯ таъкид кардааст, ки масъалаҳои марзӣ байни ҷумҳуриҳо дар замони шӯравӣ муҳиму ташвишовар набуд, зеро Иттиҳоди Шӯравӣ хонаи умумии ҳамаи ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ҳисоб мешуд ва сарҳади байни ҷумҳуриҳои иттифоқӣ шартан чун марзи дохилии байни воҳидҳои маъмурӣ маҳсуб меёфт ва бо иродаи марказ минтақаю вилоятҳо аз ихтиёри як ҷумҳурӣ ба дигар ҷумҳурӣ бе гузаронидани раъйпурсӣ дода мешуданд.
Ӯ афзудааст, ки сокинони Исфара таърихан кишоварзию боғдорӣ мекарданд ва қирғизҳо бошанд, ба чорводорӣ шуғл варзида, асосан бодиянишинӣ мекарданд.
Хамрохон Зарифи. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2021
Тошиев чиро бояд намегуфт? Зарифӣ хатои раиси КДАМ – ро гуфту маслиҳат дод
“Солҳои 60 - уми садаи гузашта қирғизҳо шуғли мушкилу он солҳо камдаромади чорводориро партофта, аз кӯҳҳо ба ҳамворӣ фаромаданд. Онҳо аз мавзеъҳои кӯҳии Кэх, Тӯшқалиқ, Кишамиш, ки дар атрофи деҳаи Ворух буданд, кӯчида, заминҳои аломатгузоринашудаи назди деҳаи Хоҷаи Аълоро ҷойи зисти доимӣ қарор доданд”, - омадааст дар матлаб.
Муаллиф афзудааст, ки бо ҳамин васила маҳалҳои омехташудаи тоҷику қирғиз дар Ворух, Хоҷаи Аъло ва Чоркӯҳ пайдо шуд.
Ворухиҳо ҳам бо мақсади бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолии афзудаистода ва барои сохтмони манзил бо замин таъмин намудани оилаҳо дар мавзеи Оқсой, ки дар тарафи чапи дарёи Ворух воқеъ буд, заминҳои бекорхобидаро обшор намуданд, ки баъдан боиси норозигии қирғизҳо шудааст, навиштааст Хоҷаев.
Дар ин замина охири моҳи декабри соли 1974 бо ворухиҳо занозанӣ кардаанд, боиси зарари ҷисмонӣ бардоштани одамони ҳар ду ҷониб гардидааст, таъкид кардааст собиқ мақомдори Тоҷикистон.
“Барои таъмини тартиботи ҷамъиятию бехатарии аҳолӣ дар ин минтақа вазъияти фавқулода эълон карда, баҳри ҳал намудани ин масъалаи баҳсӣ комиссияи муштараки байнидавлатӣ таъсис дода шуд. Шояд бо мақсади зудтар ба марказ дар бораи ором шудани вазъ гузориш додан ё бо сабаби дигар бошад, ки комиссия ба зудӣ барои 500 гектар замини бо азобу машаққат ва хароҷоти калон ободкардаи ворухиҳоро бо бошишгоҳҳои саҳроиаш ба қирғизҳо додан ба хулоса омад”, - навиштааст муаллиф.
Архивное фото Камчибека Ташиева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2021
Посухи Тошиев ба изҳороти Зарифӣ: собиқ вазири тоҷикро ба душманӣ айбдор кардааст
Хоҷаев зикр намудааст, ки тобистони соли 1989 бори дигар задухӯрди шадид байни тоҷикону қирғизҳо ба вуҷуд омад, ки дар он аз яроқи оташфишон истифода шуда, 18 ворухиро маҷрӯҳ карданд. Дар натиҷа бори дуюм дар он ҷо вазъияти фавқулода ва соати комендантӣ эълон карда шуд.
Хоҷаев изҳор дошт, ки он вақт дар вазифаи раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард ва раиси вақти Шӯрои вазирони Тоҷикистон Иззатулло Ҳаёев ӯро даъват намуда, супориш додаст, ки ба Исфара рафта, барои ба имзо расондани протоколи комиссияи созиш мусоидат намояд.
“Дар вохӯрӣ аъзои комиссия сабаби ба протокол имзо нагузоштанро ба ҳолатҳои дар боло нишондода алоқаманд намуданд. Пеш аз ҳама, муқаррароти протокол ҳуқуқи ворухиҳоро ба заминҳои баҳсӣ қатъ месохт ва масъалаи ниҳоят вазнин - кушодани роҳи автомобилгарди мустақими Ворух - Исфараро ҳал намекард. Агар ба тартиби заминистифодабарии қирғизҳо пешниҳоднамуда розӣ шуда, протоколро имзо менамуданд, ин маънии рӯирост эътироф кардани дар анклава мондани Ворух буд. Инчунин, дар протокол муҳлати иҷораи чарогоҳи тобистонае, ки қирғизҳо барои 50 сол ба тоҷикҳо дода буданд, баррасӣ намегардид. Бинобар ин, шартномаи нави иҷоравӣ ё барои чорвои исфарагиҳо чарогоҳи тобистона ҷудо кардан зарур буд”, - изҳор дошт Хоҷаев.
Ӯ афзуд, ки рӯзи дигар ба назди Раиси Шӯрои вазирон даромада, дар бораи хулосаҳо оид ба сабабҳои ба протокол имзо нагузоштани аъзои комиссия маълумот дод.
Рабочая поездка Эмомали Рахмона в Согдийскую область - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2021
Маълум шуд, ки чаро Эмомалӣ Раҳмон ба Ворух меравад
Ба иттилои манбаъ, муҳлате пас аз гузаштани иҷлосияи Шӯрои Олӣ ва барои ратификатсия пешниҳод накардани протоколи имзонашуда, дар шаҳри Бодканди Қирғизистон вохӯрии роҳбарони аввали ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд, ки барои иштирок дар он Котиби якуми КМ ҲК Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов ва раиси Шӯрои вазирон Иззатулло Ҳаёев ба шаҳри Исфара омаданд. Ӯ илова намуд, ки дар ин мулоқоти роҳбарони вақти Тоҷикистону Қирғизистон узви Бюрои сиёсӣ А. Н. Гиренко иштирок дошт, ки аз Ҳаёев пурсид, барои чӣ протоколи комиссияи баробарҳуқуқдодаро ба имзо нарасондааст.
Иззатулло Ҳаёев ҷавоб дод, ки бо муҳтавои ин протокол мардуми минтақа розӣ нестанд.
Ба нақли Хоҷаев, Гиренко баъди шунидани ҷавоб гуфт, “агар халқатро розӣ кунонда, протоколро ба имзо расонда натавониста бошӣ, ту Раиси Шӯрои вазирон шуда кор карда наметавонӣ, ба истеъфо рафтанат лозим аст”.
Дар матлаб омадааст, ки Иззатулло Ҳаёев ба ғазаб омада, бо мушташ ба рӯйи миз зада, аз ҷояшон хеста, ҷавоб медиҳанд: “Ту маро бо истеъфо метарсонӣ? Ман омода ҳастам, ки худи ҳозир ба истеъфо равам. Лекин ман ба халқам хиёнат намекунам ва манфиатҳояшро намефурӯшам”.
Хоҷаев таъкид намуд, ки дар вохӯрии Бодканд дар бораи идома додани кори комиссияҳои баробарҳуқуқи ҷумҳуриҳо ба хулоса омада бошанд ҳам, масъалаҳои баҳсӣ ҳалли худро наёфтанд. Баъди пош хӯрдани Иттифоқи Шӯравӣ аз созмон додани комиссияи ҳукуматӣ барои баррасӣ намудани масъалаҳои марзии байни Тоҷикистону Қирғизистон низ вақти зиёд гузашт, вале дар ҳалли онҳо пешравии ҷиддӣ мушоҳида намешавад.
Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2021
Ворухро диҳеду қисме аз Бодкандро гиред: шарте, ки Қирғизистон ба мақомоти тоҷик гузошт
Хоҷаев таъкид намудааст, ки Тоҷикистон дар мавриди ҳамсояҳо ҳақшинос аст ва нисбат ба онҳо беҳтарин муносибатро раво мебинад ва аз ҷумла зикр намудааст, ки бо дархости Қирғизистон барои ноҳияҳои Лайлаку Бодкандро бо роҳи автомобилгарди мустақим пайвастан аз деҳаи Чоркӯҳ ба тарафи Якауруки Қирғизистон барои роҳ кушодан иҷозат дод. Ҳоло қирғизҳо ин роҳро ҳамчун роҳи дохилии худашон истифода мебаранд ва нақлиёташон бе санҷишу назорати сарҳадию анҷом додани расмиёти гумрукӣ ба ҳар ду ноҳияи вилояти Бодканд рафтуомад менамояд, таъкид шудаст дар матлаб.
Ҳамчунин, баъди моҷарою задухӯрдҳои охирин дар назди деҳаҳои Воруху Хоҷаи Аъло ба қирғизҳо дар заминҳои баҳсӣ сохтани роҳу пули мустақим, ки деҳаи Оқсойро бо ноҳияи Бодканд пайваст менамояд, иҷозат дода шуд, изҳор доштаст Хоҷаев.
Баховаддин Баходурзода, исполняющий обязанности председателя города Исфара - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2020
Талоши оромии марз: раиси нави Исфара гуфт як рӯзи ҳафтаи корияшро дар Ворух мегузаронад
Ӯ гила намудааст, ки амалишавии гузашти ҳамсояҳо дар бораи кушодани роҳи мустақими деҳаи Ворух ба шаҳри Исфара ва дигар минтақаҳо кашол ёфта истодааст.
Ҳизбилло Хоҷаев худ зодаи деҳаи Ворух буда, аз соли 1968 то соли 2009-ум дар мақомоти додситонӣ, адлия ва додгоҳӣ, аз ҷумла дар вазифаҳои раиси Суди олии Тоҷикистон ва раиси Суди конститутсионии Тоҷикистон кор кардааст.
Масъалаи Ворух дигарбора замоне вирди забон шуд, ки Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ Қирғизистон пешниҳод кард, ки заминҳои ин ҷамоати Тоҷикистон бо заминҳои дигар дар қаламрави Бодканд иваз карда шаванд. Ин пешниҳод норозигӣ дар ҷомеаи Тоҷикистонро ба вуҷуд овард. Расман мақомоти Тоҷикистон дар мавриди ин пешниҳод изҳори назар накардаанд.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистону Қирғизистон миёни сокинони марзӣ гоҳо танишҳо сар мезананд, ки боиси ҳалокати одамон аз ҳар ду ҷониб мегарданд. Ҷонибҳо ҳамдигарро дар ин ҳодисаҳо гунаҳкор медонанд. Миёни ду кишвар гуруҳҳои корӣ амал менамоянд, ки ба ҳалли масоили марзӣ машғул мебошанд.
Дарозии умумии марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 972 километр арзёбӣ мешавад, ки аз он танҳо ҳудуди 520 километр дар сатҳи ҳукумат ва 77 километр дар сатҳи гурӯҳҳои корӣ мувофиқа карда шудааст. Зиёда аз 370 километр номуайян боқӣ мондааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала