Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Ҳавопаймои “Сомон Эйр” бо таъхири дусоата ва 184 мусофир ба Маскав расид

CC BY 2.0 / TJDarmstadt / EY-787 Somon Air B738 FRAСамолет компании "Сомон Эйр", архивное фото
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2021
Ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” имрӯз баъди таъхири дусоата дар шаҳри Маскав фуруд омада, бозгашташ ба Душанбе низ ҳудуди ду соат ба таъхир афтод
ДУШАНБЕ, 4 апр - Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз анҷоми парвози рӯзи 4 март дар масири Душанбе – Маскав хабар дода, афзуд, ки 184 мусофирро ба пойтахти Русия расондааст.  Қаблан вақти парвоз аз Душанбе соати 12:00 ва аз Маскав соати 16:00 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шуда буд, аммо аз ҳар ду тараф бо таъхири тақрибан дусоатӣ амалӣ шуд. Расман сабаби таъхир шарҳ дода нашудааст.
Истиқбол аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар фурудгоҳи Исиқкӯли Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2021
"Сомон Эйр" гуфт, киҳо ба парвози нахустин самти Русия роҳ дода мешаванд
Ба иттилои ин ширкат, наздиктарин парвози муназзам дар масири Душанбе – Маскав – Душанбе 6 апрел, рӯзи сешанбе анҷом дода мешавад. “Сомон Эйр” таъкид намудааст, ки нархи чиптаҳо 349 доллари амрикоиро ташкил дода, мусофирон метавонанд онро аз хизинаи ширкати “Ожонси алоқаи ҳавоӣ” харид кунанд.
Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” иттилоъ медиҳад, ки мусофиронро мебояд ҳатман маълумотномаи эмин будан аз COVID-19  ё худ ПСР-тестро, ки давоми 72 соат пеш аз вуруд ба Русия дода шудааст, пешниҳод намоянд. Маълумотнома бояд аслӣ, бо забони русӣ бошад, ҳатман ҳама навиштаҷоти он дар компютер ҳуруфчинӣ шуда бошанд.
Таъкид шудааст, ки ҳамаи мусофирон ҳатман бояд ниқоб ва дастпӯши ҳифозатӣ дошта бошанд. Мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд, ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд.
Агар ҳангоми вуруд ба фурудгоҳи Домодедово маълум шавад, ки маълумотномаи эминӣ аз COVID-19 беэътибор аст ва ё мусофир мубталои COVID-19 мебошад, тамоми хароҷоти аз ин сабаб бамиёномада ба зиммаи мусофир гузошта мешаванд, таъкид кардаст ширкат.
Парвозҳои муназзам миёни Душанбе ва Маскав аз аввали моҳи апрел оғоз шуда, рӯзҳои сешанбе аз сӯи ширкати “Сомон Эйр” ва рӯзҳои ҷумъа аз ҷониби ширкати “Ютейр” анҷом дода мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала