Нобаҳангом: даргузашти Иқбол Тешаев, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара

© акс аз сафҳаи Фейсбукии Иқбол ТешаевИқбол Тешаев, сухангӯи расмии раиси шаҳри Исфара
Иқбол Тешаев, сухангӯи расмии раиси шаҳри Исфара  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2021
Иқбол Тешаев, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара дар синни 51-солагӣ даргузашт. Ҷанозаи марҳум шоми 5 апрел дар деҳаи Ворух дар назар аст
ДУШАНБЕ, 5 апрел - Sputnik. Бино ба иттилои дарёфтии Sputnik Тоҷикистон Иқбол Тешаев, мудири дафтари матбуоти  шаҳри Исфара субҳи имрӯз даргузашт.
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2021
Даргузашти Асалбегим Саодатова, ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон
Гуфта мешавад, Иқбол Тешаев як рӯзи ахир дар шӯъбаи эҳёи шифохонаи марказии шаҳрӣ бистарӣ будааст. 
Гуфта мешавад, ки вақтҳои охир Тешаев аз бемории ҷигар ранҷ мебурд.
Маросими ҷанозаи марҳум соати 16:00 дар Ворух доир хоҳад шуд. 
Иқбол Тешаев, аз сухангӯйҳои фаъолтарини мақомотҳои маҳаллӣ буд, ки номаш дар матбуоти даврӣ ҳамарӯза дар робита ба шарҳи ин  ё он қазия, махсусан дар масоили марзӣ зикр мешуд.
Марҳум 51 сол умр дошта, дар шаҳри Исфара ба дунё омадааст. Хатмкардаи бахши журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, аз рӯзноманигорони фаъол дар матбуоти даврӣ буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала