Даъвати наваскарон: қариб нисфи нақша дар 4 рӯз иҷро шуд

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанВоенный парад в Хороге по случаю приезда президента Таджикистана
Военный парад в Хороге по случаю приезда президента Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2021
Обуна шудан
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мегӯяд, то субҳи 4 март нақшаи баҳории даъвати наваскарон дар ҷумҳурӣ 45 дарсад иҷро шуд
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати мудофиа, дар пайи ВМКБ, ки нақшаро дар рӯзи аввал иҷро намуд, Душанбе низ бо иҷрои 64 дарсади нақша пешсаф мебошад.
Хизмат дар артиши Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2021
Тағйирот ба қонуни ҳарбӣ: ба ҷавонони хизматкарда имтиёзи нав медиҳанд
“Дар 4 ноҳияи пойтахт иҷрои маъракаи даъват ба 64 фоиз баробар аст. Мавриди зикр аст, ки дар маҷмӯъ, 13 шаҳру ноҳия аз иҷрои пурраи маъракаи хизмат хабар додаанд”, - изҳор доштааст Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати мудофиа ба “Ховар”.
Манбаъ афзуд, аввалин шуда дар ҷумҳурӣ шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш доданд.
“Иҷрои нақшаи даъват дар вилояти Суғд 35 фоизро  ташкил дода, ноҳияи Шаҳристони ҳамин минтақа аз иҷрои нақшаи пурраи даъват гузориш дод. Ҳамзамон дар вилояти Хатлон чорабиниҳои даъватӣ муташаккилона идома дошта, иҷрои нақша дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят ба 35 фоиз баробар аст”, - омадааст дар иттилоия.
Маҳмадализода илова намуд, ки аз байни  дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аввалин шуда, ноҳияи  Носири Хусрав ва баъдан Шамсиддини Шоҳин маъракаи даъватро пурра анҷом доданд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иҷрои нақша 59 фоизро ташкил дода, то ҳол ноҳияҳои Сангвор ва шаҳрҳои Ваҳдату Шаҳринав аз иҷрои пурраи даъват гузориш доданд.
Даъвати баҳорӣ ба артиши Тоҷикистон аз якуми апрел оғоз гардида, то охири моҳи май идома меёбад.
Лентаи хабарҳо
0