Ҳизби демократ пешниҳоди Тошиев оид ба ивази Ворухро изҳороти "бемаврид ва бебунёд" хонд

© Sputnik / Амир Исаев Председатель Демократической партии Саидджафар Усмонзода
Председатель Демократической партии  Саидджафар Усмонзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2021
Обуна шудан
Ҳизби демократи Тоҷикистон бо нашри як муроҷиатнома, пешниҳоди раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон оид ба ивази Ворух ба қисме аз Ботканро бемаврид ва бебунёд хондааст
ДУШАНБЕ, 5 апр - Sputnik. Саидҷаъфар Усмонзода, раҳбари ин ҳизб ва вакили парлумони кишвар муроҷиатномаро дар сафҳаи фейсбукияш нашр кардааст, омадааст, ки масъалаи аввал мушкилоти хатти марз, баҳс дар атрофи минтақаҳои наздимарзист, ки чанд сол боз мардуми ду тарафи марзро ба мушкили иртиботи ҳамсоягӣ, обу замин, часпу талоши сарҳадбонон, гуфтушуниди мақомоти давлатӣ ва нооромӣ дар хатти марз рӯ ба рӯ кардааст.
Ворухро диҳеду қисме аз Бодкандро гиред: шарте, ки Қирғизистон ба мақомоти тоҷик гузошт
Маълум аст, ки ба сабаби анҷом наёфтани нишонагузории хатти марз, тарафҳо бар сари минтақаҳои ҷудогонаи замин ва баъзе иншооти наздимарзӣ даъво доранд. Ин мушкил ба шиддат ёфтани мухолифатҳои марзӣ сабаб шудааст.
"Масъалаи дуюм, ки ба ин мушкил шиддит бахшид, изҳороти бемаврид ва бебунёди раиси КДАМ Қирғизистон Қамчибек Тошиев дар бораи иваз кардани минтақаи Ворухи Тоҷикистон аст. Изҳороти ахири ин мақомдори қирғиз эътирози одамони зиёдро дар Тоҷикистон ба бор овардааст", - омадааст дар муроҷиатнома.
Ҳизби демократ гуфтааст, маълум аст, ки ин изҳорот аз тарафи як мақомдор аст ва он нуқаи назари давлати Қирғизистон нест. Дар ҳамин ҳол, агарчи давлати Тоҷикистон дар ин масъала вокуниш нишон надодааст, вале маълум аст, ки ҳеч шахси солимфикр ва мақомоти тоҷик низ чунин изҳоротро қобили қабул намешуморанд.
Село Ворух на границе Кыргызстана и Таджикистана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2021
Баҳс дар Ворух: собиқ раиси Суди Олӣ аз аввалин занозанӣ, ҳолати изтирорию гузаштҳо гуфт
"Ҳалли ин масъала ба ҳукумати Тоҷикистону Қирғизистон вобаста аст ва боварӣ дорем, ки роҳи онро барои оромӣ дар минтақа пайдо мекунанд",- таъкид шудааст дар муроҷиатнома.
Гуфта мешавад, Ҳукумати Тоҷикистон дар муносибатҳои марзии миёни ду давлат борҳо ба тарафи Қирғизистон гузаштҳо кардааст.
"Мутобиқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ ва ахбори омма, дар солҳои 1924-1927,1957-1959ва1980-1989 созишномаҳо байни Тоҷикистону Қирғизистон ба имзо расидааст ки Тоҷикистон як миқдор заминҳояшро барои истифодаи муваққат ба унвони чарогоҳ ба давлати Қирғизистон дода буд. Барои мисол, дар охири солҳои 1980-ум дар замони раҳбарии Қ. Маҳкамов дар асоси ҳуҷҷате, ки онро собиқ раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон И. Ҳаёев имзо кардааст, 350 га замини минтақаи миёни Хоҷа Аъло ва Ворухи Исфара барои истифодаи муваққат ба Қирғизистон дода шуд. Ин заминҳо то ҳанӯз ба соҳибаш – Тоҷикистон баргардонда нашудааст", - омадааст дар муроҷиатнома.
Хамрохон Зарифи. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2021
Тошиев чиро бояд намегуфт? Зарифӣ хатои раиси КДАМ – ро гуфту маслиҳат дод
Ҳамзамон гуфта мешавад, дар тӯли солҳо ва бахусус, дар даврони нооромиҳои солҳои баъдӣ сокинони Қирғизистон дар баъзе аз ин мавзеъҳо манзили зист сохтанд, ҳамчунин ҳукумати Қирғизистон якҷониба баъзе аз ин замину минтақаҳоро ба харитаи худ дароварда, имрӯз даъвои марзӣ мекунад.
Посухи Тошиев ба изҳороти Зарифӣ: собиқ вазири тоҷикро ба душманӣ айбдор кардааст
Ҳизби демократ амали мақомдори Қирғизистон Тошиевро, ки бидуни машварати тарафайн онро расонаӣ кард шитобкорӣ хонда гуфтааст, ки дар ин масъала тундгуфторӣ, рафтори ношоиста, хулосабароии нодуруст ва шитобкорӣ роҳи ҳал шуда наметавонад.
Бояд зикр намуд, ки дарозии умумии марз байни Тоҷикистону Қирғизистон 972 километрро ташкил медиҳад, ки аз он танҳо 520 километр дар сатҳи ҳукумат ва 77 километр дар сатҳи гурӯҳҳои корӣ мувофиқа карда шудааст. Зиёда аз 370 километр номуайян боқӣ мондааст. Ин номуайянӣ боис шудааст, ки миёни сокинони наздимарзӣ танишҳо рух медиҳанд, ки баъзан бо занозанию тирпаронӣ ва марги одамон аз ҳарду ҷониб мепечад.
Лентаи хабарҳо
0