Митрахович ба Тоҷикистон истифодаи нерӯи шамолро маслиҳат дод

© Фото : pixabay.comИндикатор ветра
Индикатор ветра - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2021
Тоҷикистон бояд дар бораи истеҳсоли энергияи алтернативӣ андеша кунад, мегӯяд Станислав Митрахович, коршиноси Донишгоҳи молиявии назди Ҳукумати Федератсияи Русия ва Фонди миллии амнияти энергетикӣ
ДУШАНБЕ, 5 апр – Sputnik. Иқтидори нерӯгоҳи бодӣ, ки дар Ӯзбекистон сохта мешавад, се баробар афзоиш дода мешавад. Интизор меравад, ки нерӯгоҳи бодӣ 1,5 гигаватт барқ ​​тавлид кунад ва бузургтарин ингуна нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд.
Электростанция, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2021
Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ 1,4 миллиард доллар ҷудо хоҳад кард
Аммо, Станислав Митрахович, коршиноси Донишгоҳи молиявии назди Ҳукумати Федератсияи Русия ва Фонди миллии амнияти энергетикӣ бар ин аст, ки чунин усули истеҳсоли энергия барои Ӯзбекистон аз сабаби бой будани кишвар аз газ нолозим аст.
"Энергияи алтернативӣ бояд аз ҷониби он кишварҳое таҳия карда шавад, ки чунин захираҳои бузургро надоранд. Масалан, Қирғизистон ё Тоҷикистон", -  таъкид кард Митрахович.
Дар мусоҳиба бо Sputnik Ӯзбекистон коршинос қайд кард, ки энергияи шамол барои сармоягузорони хориҷӣ ҷолиб аст, аз ин рӯ вай хоҳиши кишварро барои истеҳсоли он дарк мекунад. Ҳамзамон Митрахович таъкид кард, ки
Вай инчунин қайд кард, ки истеҳсоли ин навъи энергия хароҷоти иловагиро талаб мекунад, ки пеш аз ҳама барои таҷҳизоти воридотӣ ниёз доранд ва Узбакистон дар рушди иқтисод пешсаф нест. 
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала