Нафт ба таҳрим рабт надорад: хариди рекордии нафти Русия аз ҷониби Амрико

© AP / Gregory BullАмериканский нефтяник, архивное фото
Американский нефтяник, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2021
Дар пасманзари бад шудани муносибатҳо бо Маскав ва фишор ба Аврупо роҷеъ ба лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2”, зери овозаву таҳдидҳои ҷори намудани таҳримҳои нав, амрикоиҳо хариди нафтро аз Русия якбора афзоиш доданд
ДУШАНБЕ, 5 апрел – Sputnik, Наталья Дембинская. Дар инҷо суоле ба миён меояд, ки чаро сиёсати хориҷии худ, барои хариди маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба онҳо монеъ намешавад.

Воридотро афзоиш доданд

Тибюқи иттилои Идораи иттилооти энергетикии Вазорати энергетикаи Амрико, соли гузашта воридоти нафт ва маҳсулоти нафтӣ ба ИМА 3,5 дарсад афзуда, ба ҳадди ниҳоии 9 соли охир расидааст. Русия миёни  таъминкунандагони нафт ба ҷои дуюм гузашт ва Арабистони Саудиро аз ин мақом танг кард, ки содироти нафташро ба хотири барқарор кардани тавозун дар бозор якбора коҳиш дод.
Нефтяной насос на закате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2021
Болоравии нарх дар бозори нафт: то кай ин ҷараён идома меёбад
Дар соли 2020 Амрико дар як шабонарӯз аз Русия ба ҳисоби миёна 538 ҳазор бушка ва аз Арабистони Саудӣ 522 ҳазор бушка нафт харидорӣ мекарданд. Бузургтарин харидорон ширкатҳои Valero ва Exxon мебошанд, ки мутаносибан 55 ва 50 миллион бушка нафт хариданд. Ба ин ду ширкат тақрибан нисфи воридоти нафти Русия рост меояд.

Дигар аз куҷо бихарем

Корхонаҳои полоишии Амрико баъд аз даст додани хариди нафт аз Венесуэла ба Русия рӯ оварданд. Ин кори Доналд Трамп аст, ки дар соли 2019 бар зидди  Petroleos de Venezuela S. таҳримот ҷорӣ кард. Ҳамкориҳои тиҷорати бо ин кишвар хароб шуд.
Корхонаҳо дар халиҷи Мексика ва соҳили шарқӣ, аз ҷумла Citgo Petroleum, Valero Energy ва Шеврон, дар ҳолати душвор қарор гирифтанд. Амрикоиҳо бештар аз Русия нафти хом намехаранд, балки мазут хиродорӣ мекунанд, ки он барои истеҳсоли бензин зарур аст.
Цистерны с топливом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.12.2020
Русия соли оянд наздики 1 миллион тонна нафт бидун боҷи гумрукӣ ба Тоҷикистон медиҳад
"Вақте, ки Амрико нафти Венесуэларо аз даст доданду бо нархҳои баланди ашёи хом аз кишварҳои таъминкунандагони анъанавии ОПЕК рӯ ба рӯ шуданд, ИМА ба яке аз харидорони аслии мазути русӣ  табдил ёфт", - гуфт Ади Имсирович, коршинос аз Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти энержии Оксфорд.
Вазъро коҳиши истеҳсол аз тарафи ОПЕК ҳам боз бадтар кард. Воридоти аз  Арабистони Саудӣ ҳоло хеле кам аст. Ва танҳо мазути Русия ба корхонаҳои  полоиши нафти амрикоӣ имкон дод, ки корашонро идома диҳанд, изҳор доштанд таҳлилгарон.

Бӯҳрон дар бахши сланс

Пандемия ба бахши истихроҷи нафти сланс низ таъсири ҷидди расонд. Дар ин бахш поинравӣ мушоида мешавад. Иёлоти Муттаҳида дар як шабонарӯз 13 миллион бушка истеҳсол мекард, ки ҳоло ин рақам ба 11 миллион расидааст.
Талабот ба манбаъҳои энергетикӣ, ва арзиши коғазҳои қиматнок коҳиш ёфтанд. Шумораи дастгоҳҳои истихроҷи газӣ ва пармакунӣ коҳиш ёфта, ширкатҳо корҳои худро дар чоҳҳо боздоштанд. Беш аз 150 шикратҳои истихроҷи нафти сланс муфлис шуданд.
Пеш аз ҳама, ин ширкатҳое мебошанд, ки ҳатто пеш аз Ковид низ мушкилот доштанд: ширкатҳо дар шароити норасоии шадиди сармоягузорӣ қарздори зиёд шуданд. Аз соли 2018, Wall Street ба ширкатҳои слансӣ таваҷҷӯҳи кам медиҳад, чун шоҳиди он ҳастанд, дар он ҷо фоидае нест. Аксари лоиҳаҳо зарароваранд.
Добычя нефти в океане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2020
Чин ИМА – ро дар истеҳсоли нафт танг кард: Русия аз ин манфиатдор аст?
Бино ба иттилои Агентии байналмилалии энергетикӣ, дар соли 2020,  сармоягузорӣ беш аз 50 дарсад кроҳиш ёфта, ба 45 миллиард доллар расид.
Ин ниҳод боварӣ дорад, ки истеҳсоли нафти сланс дар моҳи март то 7,5 миллион бушка дар як рӯз коҳиш хоҳад ёфт. Тамоюли манфӣ аз ҳафт минтақаи нафтхез дар шаштоаш - Анадарко, Баккен, Ниобара, Орл Форд, Берман, Гейнсвилл, Аппалачи мушоҳида мешавад.
Тибқи пешгӯии Fitch, бахши саноати нафти сланс дар ду-се соли дигар ба сатҳи пеш аз бӯҳронӣ барнамегардад - истеҳсолкунандагон ба ҷои зиёд кардани истеҳсолот, ба баробар кардани хароҷот ва бозгашти сармоягузорӣ машғуланд.

Ҳолати хандаовар

Ҳамин тариқ, Иёлоти Муттаҳида худро дар ҳолати хандаовар қарор доданд: афзоиши вобастагӣ ба нафти Русия ба сиёсати энергетикии давлат комилан мухолиф аст, қайд мекунад Bloomberg. Аз як тараф, Вашингтон талош дорад,  Аврупоро маҷбур созад, ки аз лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” даст кашад, то гази худро фурӯшад. Аз тарафи дигар, корхонаҳои полоиши нафти амрикоӣ аз Русия беш аз пеш маҳсулоти нафтӣ мехаранд.
Чӣ тавр Амрико Сурияро ғорат дорад - YouTube - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2020
Ҷанҷол бар сари нафти Сурия: Вашингтон таъкид дорад даромади нафт ба Амрико намерасад
"Киштиҳои нафткаш дар назди корхонаи полоиши нафт дар Байтауни иёлоти Техаси Амрико монанди дигар киштиҳо ҳастанд, ки тавассути канали боркашонии Хюстон шино мекунанд. Аммо дар амборҳои қимати онҳо як маҳсулоти ғайриоддӣ мавҷуд аст: нафти Русия," - қайд мекунад агентӣ.
"Трамп фахр мекард, ки Иёлоти Муттаҳида ба як абарқудрати энергетикӣ табдил ёфтааст ва ин кишвар ҳеҷ гоҳ ба" таъминкунандагони хориҷӣ "вобастагӣ надорад", мегӯяд ба таври ҳазломез Марк Финли, таҳлилгар аз Пажуҳишгоҳи Бейкери Донишгоҳи Райс дар Хюстон.
Ҷолиб дар он аст, ки Вашингтон вазъи кунуниро шарҳ намедиҳад. Аммо, раванди афзоиши воридот аз он шаҳодат медиҳад, ки суханони дар бораи истиқлолияти энергетикӣ, ки раисҷумҳури собиқи Амрико Доналд Трамп изҳор дошт, натиҷа надодааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала