Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Рекорди нави суруди Манижа дар Евровидение - 2021

© Sputnik / Евгений БиятовПевица Manizha (Манижа) выступает на концерте в Crocus City Hall в Москве
Певица Manizha (Манижа) выступает на концерте в Crocus City Hall в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2021
Обуна шудан
Суруди Russian Woman - и Манижа Сангин аз миёни ҳамаи ширкаткунандагони Евровидение - 2021 маъруфтарин гардид
ДУШАНБЕ, 5 апрел - Sputnik. Намоҳанги Манижа Сангин ба суруди Russian Woman дар байни иштирокчиёни озмуни байналмилалии Евровидение - 2021 рекорди нав гузошт.
Бори аввал навори суруди Russian Woman дар шабакаи расмии Евровидение дар YouTube, рӯзи 10 март пайдо шуд.
Дар тӯли камтар аз як моҳ намоҳанги Манижаро беш аз 7,1 миллион маротиба тамошо кардаанд. Ин нишондиҳанда дар байни дигар иштирокчиёни Евроивдение - 2021 рекордӣ шуд.
Ҳамин тариқ, пешгоми пешгӯиҳои букмекерӣ - сарояндаи малтаӣ Destiny, ки суруди Je Me Casse -ро дар озмун муаррифӣ мекунад, ҳамагӣ 2,8 миллион тамошобин дорад.
Манижа Сангин бо тағо ва модараш - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
"Ош баъди шок": тағои Манижа дар бораи ҷиян, оила, танқидҳо ва шустани пирӯзӣ
Суруди намояндаи Швейтсария Gjon бо суруди Tout l'univers, ки ҷои дуввум ба ӯ пешгӯӣ шудааст, ҳамагӣ 1,9 миллион тамошобин дорад.
Истиқболи гарми Худоназаров аз Манижа: ҳамчун тоҷик ифтихор дорам ва мухлисияш мекунам
Сароянда аз Фаронса Барбара Прави (суруди Voilà), ки тибқи пешгӯиҳо бояд мақоми сеюм гирад, ҳатто миллион тамошобин ҳам нагирифтааст.
Блогери машҳури рус сабаби интихоб шудани Манижаро гуфт

Манижа дар Евровидение - 2021

Манижа Сангин овозхони тоҷиктабори муқими Русия, аз рӯи натиҷаҳои овоздиҳии шунавандагон дар доираи интихоби миллӣ ба ҳайси намояндаи Русия дар Евровидение - 2021 интихоб шуд.
Ин озмуни бонуфуз имсол дар Роттердам аз 18 то 22 май баргузор мешавад.
Бархе аз шаҳрвандони Русия дар портали Change.org петсиатсия нашр кардаанд ва талаб доранд, ки Манижа аз иштирок дар Eurovision маҳрум карда шавад.
Баъдтар, ба Кумитаи тафтишот бо дархости санҷиши матн дар асоси экстремизм ариза ворид шуд.
"Ришу мӯйлаб монад": Кортнев гуфт Манижа бояд дар саҳна "чӣ гуна" бошад
Букмекерҳои байналмилалӣ барои Манижа бо суруди Russian Woman танҳо ҷои 14 пешгӯӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0