Сафари Зариф ба Осиёи Марказӣ аз Тошканд оғоз шуд

© Sputnik / Владимир Песня / Гузаштан ба хазинаи аксМинистр иностранных дел Ирана Мухаммед Джавад Зариф. Архивное фото
Министр иностранных дел Ирана Мухаммед Джавад Зариф. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2021
Муҳамадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон бо як сафар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ боздид хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Вазири умури хориҷии Эрон сафараш ба кишварҳои Осиёи Марказиро аз Ӯзбекистон оғоз кард.
Министр иностранных дел Ирана Мохаммад Джавад Зариф, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2021
Зариф: Эрону Тоҷикистон барои поёни даргириҳо ва сулҳ дар Афғонистон талош хоҳанд кард
Ба гузориши радиои тоҷикии "Садои Хуросон", Зариф рӯзи душанбеи 5 апрел дар шаҳри Тошканд, бо ҳамтои ӯзбекистонияш, Абдулазиз Комилов мулоқот кард.
"Дар дидор бо вазири умури хориҷаи Ӯзбекистон дар бораи равобити иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва густариши равобити Эрону Ӯзбекистон ва ҳамин тавр дар бораи ҳамкориҳои минтақаӣ ба вижа дар робита бо сулҳи Афғонистон гуфтугӯ кардем", - изҳор дошт Зариф.
Вазири умури хориҷии Эрон изҳори умед кардааст, ки равобит бо Ӯзбекистон  густариш хоҳанд ёфт.
"Эрон метавонад барои Ӯзбекистон роҳи тронзит ба бозорҳои ҷаҳонӣ ва обҳои озод фароҳам кунад", - таъкид намудаст Муҳаммадҷаводи Зариф.
Вазири умури хориҷии Эрон рӯзи душанбе барои дидор ва гуфтугӯ бо мақомоти кишварҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон озими Осиёи марказӣ шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала