Сарвазиру президент ваксина нагирифтаанд: шарҳи вазири қирғиз

Вакцинация. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2021
Сарвазир тобистони гузашта бемории каронавирусро аз сар гузаронда, дар ҳоли ҳозир зарурати ваксинагирияш нест. Ӯ хост, намуна шавад, аммо табибон ӯро боздоштанд, шарҳ дод вазири тандурустии Қирғизистон
ДУШАНБЕ, 5 апр – Sputnik. Вазири тандурустии Қирғизистон дар ҳоли ҳозир ваксинагирии сарвазир ва раисиҷумҳурро салоҳ намедонад.
Вакцина от коронавируса AstraZeneca - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2021
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Дар ИМА истеҳсоли ваксинаи AstraZeneca қатъ карда шуд
Улуғбек Марипов, сарвазири Қирғизистон, хостааст, барои намунаи ибрат ба дигарон дар маҳзари ом ваксина гирад, аммо табибон ӯро аз ин амал боздоштаанд.
Алимқодир Бейшеналиев, вазири тандурустии Қирғизистон, дар шарҳи боздоштани сарвазир аз эмгузаронӣ изҳор доштааст, ки дар баданаш теъдоди кофии антибодиҳо ё худ зиддибаданаҳо мавҷуданд, ки тавони мубориза бо коранавирусро доранд.
Вазир таъкид намудааст, сатҳи антибодӣ ё худ зиддибаданҳо дар бадани Марипов ҳудуди 4,5 – 5 мебошад, ки баланд ба шумор меравад.
“Сарвазир тобистони гузашта бемории каронавирусро аз сар гузаронда, ҳозир зарурати ваксинагирияш нест,  Ӯ хост, намуна шавад, аммо табибон ӯро боздоштанд”, - гуфт Бейшеналиев.
Вазири тандурустӣ таъкид намудааст, ки барои раисиҷумҳур, Содир Ҷабборов, низ зарурати ваксинагузаронӣ ҷой надорад, чун сатҳи антибодиҳо дар баданаш баланд мебошад.
Президент РФ В. Путин встретился с президентом Молдавии И. Додоном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2021
Кремл шарҳ дод, ки чаро эмгузаронии Путин оммавӣ намешавад
Феълан ваксинагузаронӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷараён дорад. Дар Тоҷикистон расман  аз 23 март маъракаи эмгузаронӣ алайҳи маризии коронавирус бо қарори тасвибкардаи раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардид.
Дар Тоҷикистон барои эмгузаронӣ алайҳи COVID се ҳазор нуқта боз мешавад
Барои намунаи дигарон шудан, вазири беҳдошт Ҷамолиддин Абдуллозода ва муовинонаш нахустин шуда, алайҳи коронавирус ваксин гирифтанд. Вазири тоҷик пас аз гирифтани ваксин таъкид дошт, ки "эмгузаронӣ комилан ихтиёрист ва ҳар кас бояд барои ҳифзи солимии худ ба нуқтаҳои дорузанӣ омада, ваксин гирад”. Дар мавриди ваксингирии сарвазир ва раисиҷумҳури Тоҷикистон то ҳол иттилое ироа нашудааст.
Ин дар ҳолест, ки қаблан котиботи Кремл аз ваксингирии раисиҷумҳур, Владимир Путин хабар дод, аммо аксу навори онро нашр накард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала