Султонов беҳтарин бозингари тими "Нижний Новгород" интихоб шуд

Мухаммад Султонов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2021
Муҳаммад Султонов, футболбози зодаи Тоҷикистон, дар овоздиҳии мухлисон дар моҳи март беҳтарин бозингари тими "Нижний Новгород" интихоб шуд
ДУШАНБЕ, 5 апр - Sputnik. Нимҳимоятгари бошгоҳи футболи "Нижний Новгород" Муҳаммад Султонов, аз рӯи натиҷаҳои пурсиши мухлисон, беҳтарин футболбози моҳи март шуд, хабар медиҳад котиботи ин бошгоҳ. Султонов, ки зодаи ноҳияи Ёвони Тоҷикистон аст, беш аз 41,83% -и овозҳоро гирифтааст, ки зиёда аз 600 нафарро ташкил медиҳад.
Матч между сборными Таджикистана и Монголии по футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2021
Оғози чемпионати Тоҷикистон дар риштаи футбол: ҷадвали бозиҳо
Дар ҷои дуввум бозигари нави тим, Бек Кавтарадзе мебошад, ки 20,22% - и овозҳоро гирифтааст. Ҳамлагар аз Гвинея Момо Янсане бо 18,21% дар ҷои сеюм аст.
Ба иттилои котиботи бошгоҳи "Нижний Новгород" Султонов дар моҳи март ба дарвозаи тимҳои "Факел", "Шинник" ва "Торпедо" гол зад. Муҳаммад бо шаш голи задааш дар рӯйхати беҳтарин нишонзанҳои тими "Нижний Новгород" ҷои сеюмро мегирад.
Ғайр аз ин, дар аввали моҳи апрел, дар бозӣ бо "Балтика" легионери тоҷик ба ҳамдастааш Никита Каккоев тӯб дод, ки бо голи пирӯзиовар анҷомид. 
Султонов дар тими "Нижний Новгород" таҳти рақами 14 аз охири соли 2020 ба бозӣ шурӯъ кард. Созиш бо ин бошгоҳ барои ду сол имзо шудааст. Муҳаммад Султонов 28 сол дорад.
Варзишгар дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон таваллуд шуда, баъдан дар мактаби варзишии кӯдакон ва наврасони рақами 1-и Каменкаи вилояти Пенза шурӯъ намуда, соли 2007 дар мактаби футболи ССКА такмил ёфтааст. 
Султонов дар дастаҳои "Локомотив-2", "Спартак-Налчик", "Тосно", "Шинник" бозӣ кардааст. Дар солҳои охир, футболбоз дар дастаи "Ротор" бозӣ мекард, аммо моҳи сентябри соли 2020 ин тимро тарк кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала