Теъдоди муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия ду баробар кам шуд

© Sputnik / Денис Абрамов / Гузаштан ба хазинаи аксРабота продовольственных рынков
Работа продовольственных рынков  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2021
Шумораи муҳоҷирони меҳнатии ғайриқонунӣ дар Русия тақрибан ду баробар коҳиш ёфтааст, ки ин бевосита ба пандемия рабт дорад
ДУШАНБЕ, 5 апр - Sputnik. Теъдоди шаҳрвандони хориҷӣ, ки ғайриқонунӣ дар Русия кор мекунанд, тайи соли 2020 нисбат ба соли 2019 ҳудуди 40% коҳиш ёфт, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба маркази матбуотии ВКД Русия.
Ба иттилои манбаъ, соли гузашта 40,9 ҳазор қонуншиканиҳои марбут ба шуғли ғайриқонунии хориҷиён дар Русия сабт карда шуданд. Ғайр аз ин, Вазорати корҳои дохилӣ изҳор медорад, ки шумораи вайронкунии қоидаҳои вуруд ва низоми будубош дар кишвар низ ду маротиба кам шудааст.
Мигранты у здания УФМС, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2021
Бидуни ҷавобгарӣ: Русия гуфт, хориҷиён метавонанд, ҳузурашонро қонунӣ кунанд
Дар маҷмӯъ, соли гузашта беш аз 204 ҳазор қонуншиканӣ ошкор шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 51,8% камтар аст. Ҳамаи ин мустақиман бо коҳиши вуруди хориҷиён ба кишвар дар замони пандемия алоқаманд аст, шарҳ додаст манбаъ.
Ҳамзамон, дар байни муҳоҷироне, ки ба Русия ворид шудаанд, аксар аз кишварҳои ИДМ мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2020 бо сабаби паҳн шудани сирояти коронавирус, Русия барои вуруди шаҳрвандони хориҷӣ маҳдудиятҳо ҷорӣ кард. Аз ҷумла таъкид мешавад, ки агар одатан соле аз 9 то 11 миллион шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия кор кунанд, пас дар соли 2020 шумораи онҳо тақрибан 5,5 миллион нафарро ташкил дод.
Аз ин омор тақрибан 900 ҳазорашон иҷозат барои истиқомати муваққатӣ ё иҷозат барои истиқомат доранд.
Вазорати сохтмони Федератсияи Русия дар ин робита аз норасоии нерӯи кориро дар сохтмонҳо хабар дод.
Дар ҳамин ҳол ВУД Русия ба таҳияи лоиҳаи қонун дар бораи қонунигардонии ҳузури муҳоҷирон пардохтааст, ки имкон медиҳад, хориҷиён сарфи назар қонуншиканиҳои қаблияшон имкон доранд, ҳузурашонро ғайриқонунӣ намоянд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала