Боздошти як ҷавон дар Русия ба иттиҳоми омода кардани ҳамла - видео

Обуна шудан
Дар Кисловодск кормандони Хадамоти федеролии амният як исломгароеро дастгир карданд, ки ҳамлаҳои террористӣ омода мекард
Дар қаламрави Ставропол, кормандони Хадамоти федералии амнияти (ФСБ) Русия як исломгароеро дастгир карданд, ки қасди ташкили ҳамлаҳои террористиро дошт. Дар ин бора аз Маркази робита бо ҷомеаи шӯъба хабар доданд.
Министр обороны РФ, генерал армии Сергей Шойгу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2021
Шойгу аз ҳаракати террористон ба Афғонистон ва бозори гарми маводи мухаддир нигарон аст
Маълум аст, ки мутахассисони ФСБ дар якҷоягӣ бо кормандони Кумитаи тафтишоти Русия ва Вазорати корҳои дохилии кишвар ҷинояткорро дар Кисловодск дастгир карданд.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, ҷавони 24-сола пештар низ суд шуда буд. Ҷавон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро зери ҳадаф гирифта будааст. 
"Дар Кисловодск як шаҳрванди Русия, соли таваллудаш 1996, ки қаблан маҳкум шуда буд, боздошт шуд, ки ба ҳамла ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо истифода аз дастгоҳҳои таркандаи худсохт омодагӣ медид", - омадааст дар гузориш.
Гуфта мешавад, ки ҳадафи ҷангҷӯён ба манфиати созмонҳои байналмилалии террористӣ амал кардан будааст.
Мутахассисони ФСБ аз манзиле, ки дар он исломгаро зиндагӣ мекард, ҷузъҳоеро мусодира карданд, ки ҳамлагар қасди сохтани дастгоҳи таркандаро дошт.
Зодаи Тоҷикистонро дар Петербург барои кумак ба террористон равонаи зиндон карданд
Илова бар маводи тарканда ва унсурҳои зарбазананда, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ адабиёти ифротгароиро аз ҷангиён ёфта ва мусодира карданд.
ФСБ ҳамроҳ бо террорист шарикони ӯро боздошт кардааст.
Лентаи хабарҳо
0