Ба далели саломатӣ: Шаҳбоз аз сабқати Бишкек даст кашид

© Sputnik / Стас ЭтвешПразднование Навруза в Москве на стадионе "Лужники"
Празднование Навруза в Москве на стадионе Лужники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2021
Обуна шудан
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон мегӯяд, паҳлавони тоҷик Шаҳбоз Саидаброров, аз иштирок дар Чемпионати Осиё-Уқёнусия - “Аsia-Oceania Senior Championships”, ки дар Бишкек баргузор мешавад, даст кашид
ДУШАНБЕ, 5 апр – Sputnik. Тибқи иттилои Федератсияи ҷудо паҳлавони тоҷик Шаҳбоз Саидаброров дар вазни камтар аз 60 кило  бо сабаби бад шудани саломатиаш аз иштирок дар ин мусобиқа даст кашид.  Мусобиоқаи “Аsia-Oceania Senior Championships” аз 5 то 9 –уми апрел даро шаҳри Бишкек бо иштироки 215 варзишгар аз 30 давлати дунё дар назар аст.
Комроншо Устопириён завоевал золото Гран-при Анталии-2018  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2019
Тоҷикона ва бо ғайрат: Мақоми 5-уми Комроншоҳ дар "Мастерс"
Хабари худдории Саидаброров аз ин мусобиқа дар ҳолест, ки ӯ тайи як моҳи охир дар ду мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ иштирок карда, ҷойҳои намоёнро ишғол кард.
Аз ҷумла охири моҳи март дар мусобиқаи Гурҷистон, Шаҳбоз Саидаброров дар вазни то 60 кг дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари Ӯзбекистон Шарофиддин Лутфуллоев, дар даври сеюм бар намояндаи Юнон Савва Каракизиди ғалаба кард, вале дар чорякфинал аз намояндаи дигари Ӯзбекистон Комрон Нуриллоев мағлуб шуд.
Ӯ сипас дар қувваозмоии тасаллобахш варзишгари Украина Олег Вередиба ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм варзишгари Нидерланд Торнике Тсйакадоеаро шикаст дода, сазоавори медали  биринҷӣ гардид.
Медали тиллои ин вазнро варзишгари мизбон Темур Нозадзе ба даст овард. Медали нуқра насиби Комрон Нуриллоеви ӯзбекистонӣ ва медали дигари биринҷӣ насиби варзишгари Озарбойҷон Каромат Ҳусейнов шуд.
Барои Шаҳбоз Саидаброров ин дуюмин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ аст. Ӯ се ҳафта қабл дар мусобиқаи Гранд слами Тошканд ҷои панҷумро ба даст оварда буд. Шаҳбоз барои ин дастовард бо ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 1500 доллар сарфароз шуда, соҳиби 500 хол  гардид ва мавқеашро дар раддабандии олимпӣ беҳтар намуд.
Лентаи хабарҳо
0