Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Тағйирот ба қонуни ҳарбӣ: ба ҷавонони хизматкарда имтиёзи нав медиҳанд

© Хадамоти матбуотии раиси ВМКБХизмат дар артиши Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ
Хизмат дар артиши Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2021
Минбаъд ҷавонписароне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии дохил ва хориҷ бидуни озмун дохил мешаванд
ДУШАНБЕ, 5 апр – Sputnik. Ба гуфтаи вакилон ин имтиёз ба хотири ҳавасманд кардани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пешнипҳод мешавад.
Навгониҳои соҳаи ҳарбӣ  дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2021
Навгониҳои соҳаи ҳарбӣ дар Тоҷикистон
Бино бар иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ" аз ҷониби вакилон баррасӣ ва ҷонибдорӣ гардид.
"Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва раёсати ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Тоҷикистон лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, онро бо пешниҳоди хулосаҳо ҷонибдорӣ намуданд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.
9500 сомонӣ пора – барои озодӣ аз хизмати ҳарбӣ
Гуфта мешавад, лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба моддаи 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", "Дар бораи мудофиа" ва "Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон", инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагӣ талаб намекунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала