Панайотов таронаи Манижаро феминистӣ гуфт

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкПевец Александр Панайотов
Певец Александр Панайотов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2021
Обуна шудан
Яке аз овозхонҳои машҳури Русия Александр Панайотов дар таронаи "Зани рус"-и Манижа ғояи феминистӣ пайдо кардааст
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Ҳунарманди рус Александр Панайотов изҳор доштааст, ки таронаи Манижа, ки ба Евровидение-2021 пешниҳод мешавад, суолҳои зиёдро ба миён меорад. Дар ин бора овозхон дар мусоҳиба бо нашриёти Starhit гуфтааст. 
Дар ҳамин ҳол, дар посух ба суол дар бораи муносибати вай ба ширкати Манижа дар Евровидение, посухи мусбӣ додааст.
Певица Manizha (Манижа) выступает на концерте в Crocus City Hall в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Рекорди нави суруди Манижа дар Евровидение - 2021
"Ман нисбати ӯ чун ба мусиқисоз ва овозхон назари нек дорам. Манижа - духтари ҷолиб ва мустақил аст. Ба таронаи интихобшуда бошад суолбарангез аст", - таъкид кардааст овозхон.
Ӯ ҳамчунин тавзеҳ додааст, ки "даъво"-и вай бештар нисбат ба матни тарона аст, нисбат ба мусиқии он. 
"Аммо феълан замони феминизм аст, барои ҳамин, шояд ин тарона мубрам бошад", - тавзеҳ додааст мавқеашро овозхон. 
Пештар номзади "ҳамашегӣ"-и Евровидение Александр Панайотов гуфт, ки чаро ширкати ӯро ин дафъа низ дар давраи интихобии озмуни тасдиқ накарданд.
Ба гуфтаи овозхон, ду ҳафта пеш аз озмун ба вай ташкилкунандагонаш занг задаву хоҳиш карданд, ки чанд таронаашро пешниҳод кунад. 
Ӯ чанд таронаашро дар ҳоле ирсол кард, ки пурра боварӣ дошт, ба озмун Little Big сафар мекунанд ва баъди чанд муддат ба ӯ занг задаву "не" гуфтанд.
Ба гуфтаи Панайотов, ташкилкунандагон далели рад карданашонро тағйир ёфтани нақшаҳо гуфтаву аз ӯ узрхоҳӣ кардаанд.
Рӯҳонӣ ҳам дар бораи суруди Манижа гуфту ба ӯ маслиҳате дод
Он замон овозхон изҳор дошт, ки имрӯз ба одамон "дигар мусиқӣ ва дигар қаҳрамонҳо" лозиманд. Ба гуфтаи вай, ба онҳо чунин овозхоне лозим нест, ки мусиқиро шоиста муаррифӣ кунад".
Дар ҳамин ҳол, Панайотов боварӣ дорад, ки соли оянда ӯ Русияро дар Евровидение муаррифӣ мекунад. 
Озмуни Евровидение - 2021 имсол аз 18 то 22 май дар Роттердам баргузор мешавад. Нидерландҳо пас аз он имкони баргузории ин озмунро пайдо карданд, ки намояндаашон дар соли 2019 дар озмун пирӯз шуд.
Лентаи хабарҳо
0