Чаро моҳӣ низ дар Тоҷикистон гарон шуд?

© Sputnik / Рамиль СитдиковРыба на прилавке торгового ряда
Рыба на прилавке торгового ряда  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2021
Обуна шудан
Дар пайи гароншавии маҳсулоти асосии озуқа - гӯшт, тухм, равғани растанӣ - моҳии ватанӣ низ нисбатан гарон шудааст
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Моҳӣ дар Тоҷикистон имсол то 30 дар сад гарон шуд, гузориш медиҳанд расонаҳои маҳаллии Тоҷикистон дар истинод ба Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ.
Агар ҳамагӣ ба наздикӣ арзиши як кило моҳӣ (ба ғайр аз гулмоҳӣ) дар бозорҳо ва мағозаҳои кишвар бо ҳисоби миёна 35-40 сомониро ташкил медод (3-4 доллар), пас имрӯзҳо ин нишондод ба 10-12 сомонӣ боло шудааст. 
Разведение рыбы в Таджикистане  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2021
Дар вилояти Суғд то 15 июн сайди моҳӣ манъ карда шуд: сабаб
Ба ҳисоби миёна арзиши хариди моҳии истеҳсоли ватанӣ ҳадди ақал 60 сомонӣ мешавад (ҳудуди 5,5 доллар).
Аз ин бармеояд, ки моҳии тозаи ватанӣ нисбат ба ҳамин намуди маҳсулот, ки дар шакли яхкарда воридот мешавад, бештар аз 2 мартиба гаронтар аст. 
Дар ҳамин ҳол, ҳамасола дар Тоҷикистон иттилоъ дода мешавад, ки истеҳсолӣ моҳӣ зиёд мегардад. 
Ёдрас мешавем, арзиши моҳии воридотӣ дар бозори дохила 24 сомонӣ (2,1 долар)-ро ташкил медиҳад. Ин дар ҳоле ки ба арзиши он хараҷоти нақлиёт ва боҷ зам карда шудааст.
Ҳамин тавр, ба иттилои вазорати кишоварзӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ду моҳи аввали соли 2021 бештар аз 480 тонна расидааст, ки дар маҷмӯъ он ба 9,2 миллион соомнӣ (813 ҳазор доллар) баробар аст. 
Бештар аз ҳама дар Тоҷикистон чунин намудҳои моҳӣ, аз қабили карпҳои нуқрагин, гулмоҳӣ, суфмоҳӣ, зағорамоҳӣ парвариш карда мешаванд.
Пештар маълум шуд, ки моҳидорӣ дар тамоми обанборҳои вилояти Суғд манъ аст. То 15 июни соли 2021 ба сайёдони маҳаллӣ иҷозаи моҳидорӣ дода намешавад.
Топ - 5 ғизо, ки инсонро ҷавон нигоҳ медоранд
Ин аз он сабаб аст, ки тухммонии моҳиҳо дар саросари кишвар шурӯъ шудааст. Дар ин давра, дахолати сайёдон метавонад ба афзоиш ва ҳифзи захираҳои минтақа таъсири манфӣ расонад.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ба шарофати чунин дарёҳои моҳипарварӣ, ба мисли Вахш, Сирдарё, Варзоб, Кофирнигон ва Панҷ барои рушди ин соҳа нерӯи азим дорад.
Лентаи хабарҳо
0