Зарба ба шиками зан бо корд: боздошти шавҳари ҷавон дар Суғд

© ФСБ РФСотрудники ФСБ РФ во время задержания гражданина одной из Центрально-азиатских республик
Сотрудники ФСБ РФ во время задержания гражданина одной из Центрально-азиатских республик - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2021
Обуна шудан
Далели кордкашии шавҳари ҷавон ҷанҷол бо ҳамсараш гуфта мешавад. Тафтишоти қазия идома дорад
ДУШАНБЕ, 5 апрел - Sputnik. Дар Суғд, як ҷавони 32-соларо бо гумони кордкашӣ дастгир карданд, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса шоми якуми апрел тақрибан соатҳои 19 рух додааст.
"Мард дар хонаи истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо ҳамсараш, зани 29-сола, ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди хоҷагӣ 1-маротиба ба шикамаш задааст", - тавзеҳ медиҳад вазорат.
Мужчина с ножом в руках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2021
Ҷанҷоли таксиронҳо: тафсилоти кордкашии муҳоҷирон дар Маскави нав
Гуфта мешавад, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия гумонбаршаванда сокини ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида тафтишот идома дорад.
Пештар ВКД тафсилоти қатли бераҳмонаи Гулнигорро нашр кард.
Марди боздоштшуда зимни бозпурсӣ иқрор намудааст, ки дар заминаи рашк ҳамсари худро аз ҳаёт маҳрум кард.
Муноқишаи Султонов Мирзомалики 32 - сола ва ҳамсари марҳуми ӯ Гулнигори 34- сола дар заминаи рашк ба миён омад. Ҳар дуи онҳо сокинони ноҳияи Ҷайҳун мебошанд.
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон бо нашри навор, маконе, ки Мирзомалик ҳамсарашро оғуштаи хун намуд, нишон додааст.
Бар хабари манбаъ, мард дар бошишгоҳи саҳроӣ бо ҳамсари худ муноқиша намуда, бо корд чанд маротиба ба рӯю бадани зан зарба расондааст.
Чун ҳамсари ӯ аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ҷон бохт, мард низ ба ҷони худ сӯиқасд намуда, 5 маротиба бо корд ба шикам зада, билохира хост гулӯяшро бибурад.
Зани 42 - сола, ки дар Хуҷанд шавҳарашро корд зад, боздошт шуд
ВУД мегӯяд, нисбати Султонов Мирзомалик дар Прокуратураи ноҳияи Ҷайҳун парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Чумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Ин нахустин ҳолати куштори ҳамсар дар пайи рашк набуда, ВУД қаблан борҳо аз рухдоди чунин ҳаводис хабар дода буд.
Лентаи хабарҳо
0