Мусодираи ғизои пастсифати кӯдакона дар бозори Хоруғ: барои даромад ошкоро мефурӯхтаанд

CC BY-SA 2.0 / sunriseOdyssey / sunriseOdysseyНа рынке г. Хорог. Архивное фото
На рынке г. Хорог. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Дар бозори марказии шаҳри Хоруғ 190 кило ғизои пастсифат барои кӯдакон савдо мешуд, ки ахиран аз муомилот бардошта шуд
ДУШАНБЕ, 6 апр - Sputnik. Мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии ВМКБ зимни санҷиши навбатии бозори марказии шаҳри Хоруғ 190 кг маводи озуқавории пастсифат барои кӯдаконро аз муомилот берун карданд.
Ребенок обедает в школьной столовой. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2020
Русия барои рушди низоми ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон 21 миллион доллар ихтисос дод
Мастибегим Зайдуллоева, мутахассиси ин марказ гуфт, "Ҳарчанд солҳои охир маҳсулоти пастсифат ба бозори марказӣ кам ворид мешавад, аммо ҳанӯз ҳам соҳибкороне ҳастанд, ки ба хотири тавсеаи тиҷорати худ баъзан пинҳонӣ ва баъзан ошкоро ба фурӯши чунин маҳсулоти ба ҷисми инсон хатарнок машғул мешаванд".
Ӯ гуфт, соҳибкорон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят аз бозори мазкур маҳсулот харида, дар маҳали истиқомати худ ба фурӯш мегузоранд.
Ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии ин маҳсулоти пастсифат, ки ба саломатии инсон гоҳо зуд ва баъзан пас аз чанд моҳ зарари ҷиддӣ мерасонанд, чунин санҷишҳо баргузор мегарданд, менависад АМИТ "Ховар".
Ҳамчунин дар давоми соли гузашта дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳоди назоратӣ зиёда аз 1,5 тонна маҳсулоти хӯрокворӣ, ки ба меъёрҳои савдо ҷавобгӯ набуду, муҳлаташон гузашта буд, аз дӯкону мағозаҳои бозор мусодира ва дар ҳузури комиссияи махсус нобуд карда шуданд.
"800 килограмми ин маҳсулотро намаки бейод ташкил дод, ки пас аз мусодира он ба Корхонаи давлатии манзилию коммуналӣ супурда шуд", - омадааст дар хабарнома.
Мутобиқи маълумоти Маркази эндокринологии вилоят, назар ба чанд соли пеш сатҳи бемории ҷоғар, ки асосан дар натиҷаи пайваста  истеъмол кардани намаки бейод дар вуҷуди инсон пайдо мешавад, ду баробар коҳиш ёфтааст, аммо ҳанӯз ҳам нигаронкунанда мебошад.
Феълан даҳ ҳазор сокинони вилоят ба ин беморӣ мубтало мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала